Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадалҳои рўзноманигор Ҳарамгули Қодир бо фаъолони ТТЭ ҲНИ баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст. Муҳтавои баҳс ин аст, ки Ҳарамгули Қодир иддаои онро мекунад, ки соли 2015 намояндагони ҳизби «Адолат»-и Туркия ба ТТЭ ҲНИ ҷиҳати озод намудани адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров маблағи пулӣ додаанд.

Аммо ин маблағи пулиро сухангўйи наҳзат Бобоҷони Қаюм (Бобоҷон Қаюмов) аз худ кардааст. Хуб, он чи ки Ҳарамгул дар қолаби як баҳс бо наҳзатиҳо ироа доштааст, бедалел буда наметавонад, зеро ки Ҳарамгул солҳои пештар бо роҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ кардааст ва муддате аз ҳавохоҳони он ҳам ба шумор мерафт. Аммо асли қазия фаротар аз он аст, ки Ҳарамгул мегўяд. Илова бар ин, баҳси истифода ва ё сўйистифода аз сармоягузориҳои берунӣ аз ҷониби раҳбарияти наҳзатӣ баҳси тозае низ нест.
ТТЭ ҲНИ дар давраи роҳбарии Кабирӣ аз оғози фаъолият бо сармояи хориҷӣ сару кор дошт. Маълум аст, ки наҳзат таҳти васояти чанд сарпарасти хориҷӣ фаъолият кардааст ва ин раванд то имрўз идома меёбад. Ҳанўз дар мусоҳибаи махсуси матбуотӣ собиқ қумондони мухолифин Ҳаким Қаландаров (ҳафтаномаи «Фараж»(«50 (576) аз 13 декабри соли 2017) паҳлуҳои норавшани қазияи наҳзатӣ ва раҳбарияти онро, ки ба масоили пулӣ иртиботи бевосита доштааст, ошкор карда буд. Дар қисмати аввали мусоҳибаи мазкур сухан аз «4 миллион доллари дар Покистон дар оборот» будаи наҳзатиҳо меравад ва ҳангоми машварат дар хонаи Тураҷонзода дар Эрон ин масъала рў мезанад ва парда аз рўйи баъзе воқеиятҳоро бозмекушояд.
Акнун таваҷҷуҳ мекунем, ки миқдори 4 миллион доллар, ки барои беҳбуд бахшидани вазъи молӣ, идорӣ, низомӣ ва сиёсии ТТЭ ҲНИ пешбинӣ шуда буд, дар дасти наҳзатиён ба хотири пур кардани ҷайб ва ҷамъовари сарват истифода гардидааст. Қабл аз мусоҳибаи матбуотии қумондони собиқ Ҳаким Қаландаров, собиқ корманди амниятии наҳзатӣ Сиёҳаков таъкид карда буд, ки барои роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногун ба ТТЭ ҲНИ маблағҳои калони пулӣ ворид мегардид ва тавассути ин маблағҳо, аз як тараф, лоиҳаи нооромиҳо дар мамлакат кашида мешуд ва аз тарафи дигар, ҷайби баъзе масъулини наҳзатӣ лабрез мегардид.
Махсусан, дар замони сукунат дар Туркия роҳбарияти фирории наҳзатӣ аз ҷониби гурўҳҳо ва созмонҳои муайян сармоягузорӣ мешуд ва табиист, ки он маблағҳои пулӣ ҳамагӣ ба кори идеологӣ ва сиёсӣ масраф намегардид ва масъулин-бизнесменони наҳзатӣ ҳатман аз он ҳадоё дар бизнеси хонаводагӣ истифода бурдаанд.
Баҳси гармеро, ки Ҳарамгул дар мавриди истифодаи шахсии маблағҳои хориҷӣ аз тарафи муҷриёни пружаи наҳзатӣ ба миён овардааст, собиқаи таърихӣ дорад ва савобиқи онро болотар ба таври иҷмолӣ ишора кардем.
Аз ин лиҳоз, на танҳо Бобоҷони Қаюм, балки ҳар як нахзатии дар дохилу хориҷ сукунатдошта аз ин навъ сармоягузориҳо ва ҳадяҳои пулию молӣ беибо истифода бурда ва мебарад. Охир, бозии наҳзатӣ аз ибтидо бо пулу мол ва сарвату қудрат иртиботи мазмунӣ ва ғоявӣ дошт. Гузашта аз ин, тими наҳзатӣ имрўз аз ҳар замоне дида ба сармояи хориҷӣ ва лабханду илтифоти сиёсиюни ғарбӣ ниёз дорад ва ин ниёзмандӣ онҳоро ба вартаи ҳар гуна ҳиллаю ҷинояткорӣ ва ё тақаллуби пулию молӣ тела медиҳад.

Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code