Ҳар як фарди огоҳу бедор хуб медонад, ки душманону бадхоҳон ва хиёнаткорони миллати тоҷик дар ҳама давру замон муқобили манфиатҳои миллӣ баромада, ба хотири фоидаи шахсии худу хоҷагонашон оромию осудагии мардумро халалдор менамуданд ва монеаи пешрафти кишвар мешуданд. Барои онҳо миллату меҳан ҳеҷ арзише надорад ва ҳама вақт дар фикри душманӣ бо мардум ҳастанд.

Ин бадбахтону бешарафон ба миллат ва меҳан танҳо ва танҳо наҳсию касофатӣ меоранд. Онҳо ҳамеша аз бадию бадкорӣ ва ҷангу моҷаро сухан карда, ҳеҷ гоҳ сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафтро дида наметавонанд. Аз кўчактарин ҳодисаи бад, як воқаи воҳиманоку даҳшатбори гўшношунид сохта мебароранд, ки ҳар фарди огоҳ аз асли воқеа онро мутолиа намояд, ҳуш аз сараш мепарад.

Бо вуҷуди ин ҳама бадкорию бадкирдорӣ, душманию хиёнаткорӣ ва иғвоангезии онон тавассути пойгоҳҳои хабаррасониашон, ки бо номҳои «Payom» ва «Akhbor» маълуманд, Тоҷикистони азизи мо дар тамоми самтҳо рушд менамояду мардум дар фазои сулҳу дўстӣ ва ваҳдату ягонагӣ осудаҳолона умр ба сар мебаранд. Ин хушию хушбахтии мардум ва рушду инкишофи Тоҷикистонро дида, душманону бадхоҳон ва ҳасудхўрону нотавонбинон аз рашку ҳасуд меноланду месўзанд. Чунки босираи бадбинонаи ҷуғз танҳо ва танҳо манзараҳои ҷангу ҷидол, вайронаю хароба ва даҳшату душманиро дида метавонад. Кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи иттилоърасонии «Payom» ва «Akhbor» ҳам мисли ҷуғзоне мебошанд, ки табиат онҳоро ба сурати инсон офаридааст. Дар асл, онҳо ҷуғзҳои одамсурат буда, манзараи зебову дилрабои мисли Тоҷикистонро вайронаю валангор ва ҷангзадаю пастрафта дидан мехоҳанд.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон чи гуна дидани ватани маҳбубу чи гуфтани ин душманону хоинон ва худбохтагону хиёнаткорон ҳеҷ аҳамияте надорад. Зеро халқи тамаддунофару фарҳангпарвари тоҷикистонӣ хуб медонад, ки: «Саг аккос мезанад, корвон бо роҳи худ меравад» ва «Саге буд дар дашт, Г.. хўрда мегашт…». Вале, ин беномусону бешарафон бар пояи саг ҳам нестанд ва ҳатто, пасттар аз саги дайдую оворагарданд. Ин афрод он қадар бешарафу беномус ва тангназару кўрдил ҳастанд, ки заррае пешрафту рушдро дида наметавонанд.

Имрўз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани иншооти бузурги аср, кохи нури Тоҷикистони соҳибистиқлол – Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро истиқбол менамояд. Аммо ин бадбахтону рўсияҳон ва бешарафу беномусони наҳзатӣ аз ғаму ғусса ва гиряву нола гўлугир шуда, ҳар шабу рўз чун ҷуғзҳои бадхоҳ месўзанду меноланд.

Имрўз ҷавонмардони таҳамтантинату қавииродае, ки бо азму иродаи қавӣ, дар қаъри кўҳ шабҳои тору фаслҳои гарму сард барои қомат афрўхтану рафшанӣ афкандани ин иншооти муҳташами минтақа ҷоннисориҳо карданд, ид доранд. Дар фазои кишварамон рўҳияи ҷашну идона ҳукмфармост. Одамоне ки дар сохтмони мазкур меҳнат кардаанду монеаҳои зиёдро паси сар кардаанд, имрўз ашк мерезанд, ашки шодию хурсандӣ!

Вале имрўз гиряву нолаи кормандони пойгоҳҳои террористонаю экстремистонаи наҳзатии «Payom» ва «Akhbor» гиряи наҳсию касофатӣ аст. Онҳо муваффақиятҳои мардуми шарифи Тоҷикистон ва нуру зиёро дидан намехоҳанд, зеро дар дилҳояшон танҳо бадию торикӣ мавҷуд аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷавонмардону рустамтинату қавииродеро, ки дар бунёди Неругоҳи барқии Роғун саҳм гузоштаанд, табрику шодбош мегўем!

Ҳамзамон, изҳори тасаллият ва таъзияи амиқи худро ба душманону ҳасудхўрон ва худбохтагону хиёнаткорон, ки дар паси компютерҳо нишаста, бо супориши хоҷагонашон дар пойгоҳҳои «Payom» ва «Akhbor» ҳар гуна суханони сохтаю бофта ва дурўғро зидди давлату миллат паҳн мекунанд, ирсол медорем.

Бо эҳтиром,

Нодири ҚОДИР, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code