Дар сомонаи ифротии наҳзатиҳо, ки одатан музахрафоти муассисаш М. Садриддин интишор меёбанд, матлабе таҳти унвони «Ҳукумат – аждаҳои миллат» чоп шудааст.

М. Садриддин забони таҳќиру тавҳинро дар нисбати Раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда, бо усули ќаблӣ ҳамчунон иттиҳомотро алайҳи онҳо идома медиҳад. Он чи ки М. Садриддин ба унвони «садои мазлумин» рўйи сафаҳоти сомонаи наҳзатиаш мерезад, танҳо садои ў ва ҳаммаслаконаш мебошаду халос.
М. Садриддин ҳар гоҳ ки мулоќоту вохўриҳои Сарвари давлатро бо мардум ва табаќоти гуногуни иҷтимоӣ мебинад ва эҳтироми мардумро нисбат ба шахси вай тамошо мекунад, нафраташ афзун мегардад, зеро ки андаруни ќалби тангу тори вай ба ҷуз бадӣ , палидӣ , нафрату адоват чизи дигаре намеѓунҷад. Ваҷҳи дигари нафрати М. Садриддин ба давлат ва раҳбарияти олии он ба идеалҳои пўсидаи ў созгор наомадани мафкураи давлатӣ , ки аз махсусиятҳои миллию мардумӣ таркиб ёфтааст, мебошад. Мафкураи М.Садриддин дар асоси афкори асримиёнагӣ созмон ёфтааст ва он мафкураи хурофотӣ ўро то охир раҳнамоӣ мекунад. Аз тарафи дигар, мафкураи мурда ва мамлў аз таассуб М.Садриддинро намегузорад, ки поро фаротар аз арзишҳои хурофӣ гузорад ва воќеиятҳоро бубинад. Ин аст, ки аз пешрафтҳо ва таҳаввулоти миллӣ бадаш меояд ва забони иттиҳому таҳќирро боз мекунад ва музахрафот мебофад. Дигар чӣ ҳам аз дасташ меояд?
М. Садриддин аз исми Роҳбари маќомоти амнияти кишвар ҳарос дорад, зеро вай Муҳаммадиќболҳоро ба харҳои худшон савор кард ва нагузошт, ки ҳар хурофотию мутаассиби мазҳабӣ дар кишвар аз номи миллату ватан ҳарф занад ва давлати дунявиро зери суол барад. Маќомоти амният воќеан, тавонист, ки дар солҳои охир пеши роҳи сели хурофоту таассуби мазҳабиро, ки дар саргаҳи он Муҳаммадиќболҳо ќарор доштанд, бигирад ва ин тоифаи муфтхўрро аз минбари ваъз ва тадрис маҳрум созад. Агар ин корро намекард ва ҷилави мутаассибини мазҳабиро намегирифт, Муҳаммадиќболҳо дар рифоҳи молию пулӣ ва салтанат ба сар мебурданду халќи бечора дар хидмати ин тоифаи беҳувият як умр мемонд.
Ҳассосияти аз ҳама бузурги М. Садриддин ба шахси Сарвари давлат аст. Ин «таҳлилгар» бо ҳар роҳу васила мекўшад, ки ба Роҳбарияти кишвар туҳмат занад. Аз ин ҷост, ки алайҳаш мешўрад ва аз бухлу ҳасад дандон мегазад. Гуноҳҳои набудаи бофтаашро бар номи Роҳбарият сабт мекунад, ба умеди он ки корбарону хонандагони матолиби расонаҳо ба ҷасорати дар нохунак доштаи М. Садриддин тан бидиҳанд. Пурсиши мо ба М. Садриддин: Роҳбарият киро куштааст ва киро дар ба дар кардааст? Магар ба муҳоҷират рафтани мардум гуноҳи Роҳбарият аст? Мардум бо хоҳиши худ ба муҳоҷират мераванд ва муҳоҷират чашми мардумро ба зиндагӣ таѓйир медиҳад: ҷаҳони дигарро мебинанд, мардуми дигарро мебинанд, бо зиндагӣ ва фазои беруна ошно мешаванд, ҷаҳонбиниашонро тавсеа мебахшанд ва дар баробари ин, маблаѓи муайяне кор карда, буҷаи хонаводаашонро ѓанӣ месозанд. Магар ин кор айб аст? Агар айб аст, чаро М. Садриддин ќабл аз ин моҷароҳо ибтидои солҳои дуҳазорум дар мамолики арабӣ ба бизнес машѓул буд ва муҳоҷират мекард? Касе ўро ҳарфе намезад ва худи ў ҳам ба чигунагии зиндагии муҳоҷирон коре надошт, дунболи бизнес ва сарватманд шудан мегашт. Ин наҳзатиён ва Муҳаммадиќболҳоянд, ки ба иллати ҷиноёти муртакибшуда рў ба фирор ниҳода, дар хориҷ ба сар мебаранд ва дар хидмати бегонагон ќарор мегиранд. Аз номи миллат ва ҳалќу ватан гап задан дигар ба кори рўзмарраи тими наҳзатӣ табдил ёфтааст ва ду-се пойлучу гадотабъи хурофотӣ имрўз миллат шудааст. Номаъќул кардед, ифротиёни наҳзатӣ . Он чи ки Сарвари давлат дар тўли замони раҳбарӣ анҷом додаанд, М. Садриддин ва командаи наҳзатӣ дар ҳазор сол анҷом дода наметавонанд. Шумо ҳадди аќал аз доираи хурофоту таассуби мазҳабӣ берун баромада натавонистаед, чӣ расад ба кори неку амали нек. Дар муддати дарозе, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаред, ҳатто шахсияти худро, сифатан таѓйир дода натавонистед. Таҳќири дигарон ва даѓалона «аждаҳо» ном бурдани Раҳбарияти олии кишвар далели ҳавосатонро парт кардани пешравиҳои кишвар мебошад. Бехабар аз он ки хурофоту таассуби динӣ -мазҳабӣ аждаҳои бузурги ҷаҳонӣ аст ва ҳар ҷомеаеро ба комаш фурў мебарад. Аз аждаҳои ҷаҳолати динӣ -мазҳабӣ бояд тарсид. Мо медонем, ки ҳар пешравӣ ва нуфузи кишвар дар арсаи сиёсати минтаќавӣ ва байналмилалӣ шуморо девона мекунад. Ҳоло ҳам аз забони «шакарин»-и шумо ҷуз таҳќиру тавҳин чизи дигаре намебарояд. Ин аст аждаҳопешагӣ , ки махсуси ҷаҳони беҳувияти мазҳабзадагон мебошад.
Сарвати миллатро давлат намебарад, ин шумоед, ки орзуи ѓасби ќудрат ва бурдани сарватро умрҳо дар дил парвардаед ва бо он ормони якумрӣ зиндагӣ мекунед. Айб аст, ки миллату давлати худро назди бегонагон таҳќиру тавҳин намоем. Аммо барои М. Садриддин, ки камтарин масъулияти шаҳрвандӣ ва миллӣ надорад, тавҳину таҳќири раҳбарияти олии кишвар, ки мардум интихобашон кардааст, арзиш ба ҳисоб меравад. Арзише, ки онро бешарафӣ ва беҳувиятӣ меноманд.
Фаридун Ориёӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code