Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гуруҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо мониа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.

Дар гузориши видеоии ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) гуфта мешавад, ки ба хотири таъмини амният ва ҳифзи тартибот дар шаҳри Хоруғ 6 посгоҳи доимии БДА амал мекунад.
Бино ба ин манбаъ,”шаби 4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла, иборат аз 5 нафар ба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА мақсаднок ҳамла карда, кӯшиши эҷоди мониа ба фаъолияти хизматии ӯ ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии шаҳри Хоруғро карданд. Дар натиҷа аз ҷониби роҳбари посгоҳҳо нисбат ба ҳамлагарон силоҳи махсус бо тирҳои резинӣ истифода шуда, амали онҳо пешгирӣ гардид. Ҷавонони зикргардида ба самти номаълум фирор карданд.”
Ситоди байниидоравӣ дар ин гузориш Хурсанд Мазоров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро дар ин ҳодиса айбдор кард: “Ин ҷавонон бо роҳнамоии бевоситаи яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович амал намуданд. Ҳадаф аз ин ҳамла ноором сохтани вазъи ҷамъиятӣ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳои доимоамалкунанда мебошад.”
Сухангӯи ситод мегӯяд, бино ба иттилои ин ниҳод дар марзи Афғонистон ҳоло миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ ҷамъ шудааст ва посгоҳҳои мавҷуда як мониаи асосӣ дар роҳи қочоқи он ба шаҳри Хоруғ гардидаанд.
Ситоди байниидоравӣ ҳушдор дод, ки ҳама гуна кӯшиши ҳамла, таҳдид ё мамониат ба фаъолияти посгоҳҳои БДА бо истифода аз воситаҳои қонунӣ, аз ҷумла тибқи талаботи моддаҳои 237 (авбошӣ) ва 329 (таҳдид ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ)-и Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 15-уми қонуни милитсия бо истифода аз силоҳ қотеона пешгирӣ карда хоҳад шуд. Ситоди байниидоравӣ ҳамчунин аз сокинони Бадахшон даъват кард, ки монеи пайвастани наздиконашон ба сафи гуруҳҳои ҷиноӣ шаванд.

Ситоди байниидоравӣ исми нафареро, ки даст ба истифодаи силоҳ бурдааст, зикр накард, вале қаблан хабаргузории “Фарғона” ва гуруҳҳои тарафдори ҳукумат дар Фейсбук хабар доданд, ки ин нафар фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода мебошад. Муҳаммадзода соли 2015 ба ҷои Гулмурод Ҳалимов, ки аз Тоҷикистон фирор карда, ба ДОИШ пайваст, фармондеҳи ОМОН таъйин шуд.
Дар ҳамин ҳол, зодагони Бадахшон видеоҳоеро нашр кардаанд, ки дар он шоҳидони ҳодиса баракс генерал Муҳаммадзодаро дар тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр айбдор мекунанд. Аз ҷумла як духтари ҷавон мегӯяд, ки генерал ва зердастонаш мардумро дашномҳои қабеҳ доданд.
Субҳон Ҳамзалиев, нафаре, ки он шаб аз дасту пояш тир хӯрд, низ мегӯяд, ки кормандони милитсия бидуни ҳеҷ асос ба сӯи онҳо тир кушоданд. Субҳон Ҳамзалиев дар посух ба ин суол, ки оё онҳо бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд?, гуфт, “ман кӣ ҳастам, ки чунин талаб кунам?”

Гузориши видеоиро инчо тамошо кунед: https://www.youtube.com/watch?v=PcgrvekkBJQ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code