ҲНИ. ТИРИ ЗАРХАРИДОН ХОК ХӮРД
Дар илми сиёсат иборае ҳаст: “Ба даст овардани ҳокимият осон аст, вале нигоҳ доштани он кори мушкил”. Баъди ба истиқлолият расидан, дар таърихи халқи мо раванди нав сар шуд ва гурӯҳҳои муайян хостанд ин равандро ба нафъи худ истифода баранд. Дар ин лаҳза, дар ҷомеа ду идеология байни худ дар ҳолати зиддият буд. Якеаш идеологияи коммунистӣ ва дигараш исломӣ. Дар лагери коммунистӣ нафарони дар сари ҳокимият буда меистоданд, дар сари лагери исломӣ бошад, нафарони аз сиёсати коммунистӣ барканоргардида.
Ҳамин бархӯрди идеологӣ боис шуд, ки дар ҷомеа ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Гарчанде ҳар ду идеология ҳам барои ҳокимияти сиёсӣ даст ба гиребон буданд, дар ҷумҳурӣ оташи ҷанг зуд доман паҳн намуд. Мамлакат ба 2 қисмат ҷудо гардида, буд.
Дар сари гурӯҳи исломӣ ҲНИ меистод. Аъзои он бо номи созмону гурӯҳҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон”, “Ошкоро”, “Ҳизби Демократии Тоҷикистон” ва амсоли инҳо буданд. ҲНИ ҳамчун ҳизби динӣ дар қаламрави пасошӯравӣ тавонист аз арзишҳои диниву мазҳабии мардуми тоҷик ба манфиати худ истифода барад. Саркардагони ҲНИ нафароне буданд, ки аз мақоми ишғолнамудаи худ дар ҷомеа истифода бурда, бо фатвову амрҳои зери ниқоби ислом мардуми нав ба озодии динӣ расидаи моро дар роҳи аҳримании худ истифода бурданд. Дар масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва таъсиси Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазнинро содир намуда, даст ба амалҳои номатлуб заданд. Баъди ноком гардиданашон дар набардҳо маҷбур шуданд, ки роҳи гурезро пеш гиранд ва дар хориҷи кишвар паноҳ баранд.
Моҳи июни соли 1993 дар хориҷи кишвар иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ташкил шуд, ки қисми асосии ин иттиҳодро размандагону ҷонибдорони ҲНИ ташкил медод. То ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ иттиҳоди мухолифин ба нуқтаҳои ҷанубии мамлакат ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода, мардуми бегуноҳро қатл карданд.
Бунёди ҳизби исломӣ дар кишваре, ки зиёда аз 97 дарсади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқаандози миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ – ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ифротӣ донистанд. Аммо, ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ накарда, бо кумаки хоҷагони пасипардагии худ фаъолияташро идома медод. Кабирӣ ва хаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, модар, мазҳаби ҳанафӣ ва хиёнат ба дини мубини ислом намуданд.
Дини ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робита бо дини ислом надорад ва фаъолияти аъзои он ҳамеша мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръон аст.
Дар кӯшиши табаддулоти давлатие, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли 2015 дар мамлакат доир гардид, дар пушти он ҲНИ ва аъзои он қарор доштанд. Маълум гардид, ки ин ҳизб аз рӯзи таъсисаш хислати иртиҷоӣ – динӣ ва экстремистӣ – террористӣ дошта, баҳри рушди Тоҷикистони мустақил монеа эҷод мекунад ва тарафадори бунёди давлати исломист. Хушбахтона, тири ин зархаридон хок хӯрд ва бо чунин фаъолият ҳамчун ҳизби дорои хислати ифротидошта, дар ҷомеа шинохта шуд.
Хайруллоев Саъдулло
устоди МТММу