Равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд, сарфи назар аз кишвар ва минтақаи зуҳурот ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба ниёз доранд. Бояд зикр намуд, ки миқёси фарогирии ҳодисот дар заминаи манфиатҳои геополитикӣ, аксаран аз ҳудуди кишвар ё минтақаи алоҳида берун шуда, характери ҷаҳонӣ мегиранд ва ҳалли мушкилоти пешомада на танҳо аз кишварҳои алоҳида, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияту якдилиро талаб мекунад.
Муаллифи матлаби «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» ба таҳқиқи масъалаи хеле муҳим ва ҳассос иқдом намуда, паҳлуҳои мухталифи таъсири равандҳои ҷаҳони имрӯзаро ба шуур ва амнияти ҷамъиятӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки он ба андешаи мо хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо оид ба технологияҳои амалӣ гардидани ҳадафҳои геополитикии абарқудратҳо собит месозанд, ки қадами нахустини онҳо дар ин самт аз манипулятсияи шуури фардҳо ва ҷомеа оғоз меёбад.
С. Ятимов бамаврид зикр менамояд, ки «…масъалаи кор, бошуур сохтани ҷаҳонбинӣ акнун аз доираи салоҳият ва вазифаи як давлат берун рафта, хосияти тарғиби экстремистӣ-террористӣ гирифтааст». Дар ҳақиқат чанде пеш, аниқтараш, дар замони шӯравӣ терроризм вуҷуд надошт, зеро ҳадафҳои онҳо (террористон) имкони амалӣ шуданро надоштанд. Васоити ахбори шӯравӣ бо террорист мусоҳиба намеорост ва онро аз тариқи телевизион нишон ҳам намедод. Аз ин рӯ, мафҳуми «терроризм» ё «террорист» дар шуури мардуми ин кишвар мавқеъ надошт ва ин барои онҳо бегона буд. Вале имрӯз зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, дар мадди аввал, имкониятҳои бемаҳдуд дар самти дастрасӣ ба иттилоот аз тариқи интернет ва шабакаҳои сершумори телевизионӣ, шуури мардум, алалхусус ҷавонон зери таъсири идеологияи бегона қарор мегирад.
Миқёси харобиовари терроризм он қадар бузург аст, ки онро метавон ҳамчун таҳдиди асосӣ ба тамоми башарият дар асри ХХI арзёбӣ намуд. Аз ин рӯ, масъалаи омӯзиши падидаи терроризм ва таъсири он ба шуур ва амнияти ҷомеа дар шароити муосир аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Ба таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни падидаи терроризм одатан олимони равия ва тахассуси мухталиф рӯ меоранд. Дар илмҳои марбут ба соҳаи таърих заминаи васеи санаду ҳуҷҷатҳо ва хронологияҳо, дар иҷтимоъшиносӣ ҳолатҳои ҷузъии фаъолияти террористӣ, дар сиёсатшиносӣ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии террор баррасӣ мешаванд. Фалсафа бо дастгоҳи мантиқию интегративии худ метавонад, консепсияи махсусро эҷод карда, ба саволҳои марбут ба терроризм ҳамчун зуҳуроти харобиовар посух гӯяд.
Мафҳуми террор аз ҷониби Арасту барои инъикос намудани шакли махсуси даҳшат, ки бояд тамошобинони саҳнаҳои фоҷиавиро дар Юнони қадим мутаассир мегардонд, ворид шудааст. Баъдтар дар замони маорифпарварӣ он ба услуби тавонои таъсиррасонӣ ба мафкура ва рафтори шаҳрвандон табдил ёфт.
Дар пайравӣ аз давлатҳо террор дар «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама», ҳамчунин аз ҷониби қувваҳои сиёсӣ, ки бо давлат мубориза мебурданд ё мухолифат доштанд, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамин тавр, терроризм ҳамчун воситаи ба ҳарос ё даҳшат овардани ҷомеа ва давлат бо мақсадҳои сиёсӣ, ҳамчун шакли махсуси театр, ки тамошобини он бояд даҳшатро эҳсос намояд, ба вуҷуд омад.
Коргардонҳои ҳодисоти сиёсӣ, ки дар заминаи манфиатҳои геополитикӣ кишварҳои алоҳидаро ҳадаф қарор медиҳанд, аввалан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шуури фардӣ ва ҷамъиятии мардумро зери таъсири худ қарор диҳанд. Дигаргуниҳои фоҷиабори кишварҳои Ироқ, Сурия, Яман, Миср, Афғонистон ва ғайра, ки солҳо зери даҳшати ҷангу хунрезӣ ва террору таркишҳо қарор доранд, намунаи мушаххаси дахолат, аввал ба шуур, баъд ба ҳаёт ва масоили дохилии ин кишварҳо аз ҷониби абарқудратҳо маҳсуб меёбад.
Бояд зикр намуд, ки ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми Тоҷикистон, инчунин ҳодисоти 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе низ маҳсули муносибати ғаразноки доираҳои махсус буда, бо ҳадафҳои геополитикӣ тарҳрезӣ шудаанд ва аз тариқи зери таъсири худ қарор додани шуури гурӯҳи муайяни сокинони ин кишвар амалӣ гардиданд. Ғояи бунёди «Давлати исломӣ» дар солҳои 90-ум шуури қисмати муайяни аҳолии ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки коргардонҳои хориҷӣ дар солҳои 90-ум аҳолии минтақаи алоҳидаи кӯҳистони ҷумҳуриро ҳадафи ғояҳои худ қарор доданд. Вале ҳадафҳои онҳо амалӣ нагардид, зеро минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон ғояи исломикунонии ҷумҳуриро шадидан маҳкум намуда, барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва давлати дунявӣ ба майдон баромаданд. Баъдтар коргардонҳои хориҷӣ тавассути Ҳизби наҳзати исломӣ технологияи манипулятсияи шуурро дигар намуда, на ба кӯҳистон ё минтақаҳои алоҳида, балки тафаккури ҷавонон, хусусан ҷавонони шаҳриро ҳадаф қарор доданд. Пӯшида нест, ки дингароӣ ва хурофот имрӯз дар байни ҷавонони шаҳрӣ нисбат ба ҷавонони деҳот баландтар аст, ки он таҳқиқи махсусро мехоҳад.
Бешубҳа, воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон чун робитаҳои тарафайни сабабу натиҷа бояд таҳқиқ ва арзёбӣ шаванд, шуури фардӣ ва ҷамъиятӣ аз таъсири омилҳои бегона ва зидди манфиатҳои миллии мо зери ҳимояи ғояҳои арзишманду судманди давлатӣ қарор гиранд.