ФИРЕФТАИ ТАБЛИҒОТИ БЕБУНЁД НАШАВЕМ

“Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олӣ, 23 январи соли 2015
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм”-ро қабул намуд. Сарвари давлат дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва вохӯрӣ бо сокинони кишвар ҳамеша терроризм, экстремизми динӣ ва дигар зуҳуроти нангинро, ки манфиат ва ҳуқуқҳои инсонро поймол намуда, бо хушунату зӯроварӣ одамони бегуноҳ ва мероси фарҳангиро нобуд месозанд, маҳкум мекунад. Дар баробари ин, аҳли ҷомеаро ба зиракии сиёсӣ, ҳифзи амнияти давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои миллӣ даъват менамояд.
Дар навбати худ ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва дар маҷмӯъ ҳамаи моро зарур аст, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдат ва дигар арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди соҳибватан неъмати бебаҳо аст. Мо бояд ба қадри ин неъмати пурбаракат расем ва ба заҳматҳои кашидаи фарзандони фарзонаи миллат арҷ гузорем, онҳоро эътироф ва эҳтиром намоем.
Сарвари муаззами давлати тоҷикон дар яке аз муроҷиатномаҳои худ ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Ман ба ҳар як кадоми шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул – гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Сарвари дурандеши мо ба қавли худ устувор истода, мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуд, барои беҳрӯзии онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Шукри Парвардигор, ки имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат кору фаъолият карда истодаанд. Пиру ҷавон ҳамеша дуогӯи давлати пояндаи ин марди некном ҳастанд. Вале, дар байни мо ашхоси нотавонбин ва кӯрнамаке низ пайдо мешаванд, ки пешрафту шукуфоии ин миллати куҳанбунёдро дидан намехоҳанд. Онҳо ба суханҳои таблиғотии бепояи гурӯҳҳои ғаразнок гӯш андохта, фикр мекунанд, ки бо анҷом додани амалиёти даҳшатбори террористӣ ба ҷаннат мераванд. Бехабар аз он ки ин амали нангин онҳоро ба ҷаҳаннам мебарад. Ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар Миср, Фаронса, Сурия, Ироқ рух доданд, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузорад. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, гӯшу биниашонро мебурранд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳоро модар тарбият накарда ва ё аз гӯшаи раҳм нагузашта бошанд.
Имрӯз моро зарур аст, ки муҳаббат ва садоқати худро ба миллат, давлат ва сарвари оқилу тавоноямон нишон дода тавонем ва барои таъмини амнияти кишвар ҳамеша омода ва сарсупурда бошем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code