АЗ БАЛО ЭМИН БУДАН, ШАРТИ ОРОМ ЗИСТАН
Дар бораи бало ва ҳазар аз он зиёд шунида ва хондаем. Ҳанӯз бобою бибиҳоямон дар ин мавзӯъ бароямон нақлу ривоятҳои зиёде карда буданд. Вале, куллан намедонистем, ки бало чист ва он чӣ гуна метавонад таъсир расонад? Баъдтар, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст, фаҳмидем, ки бало чист (аниқтараш кист) ва чӣ бадбахтие ба сари мардум меоварад. Он балоро мо дар симои ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки он замон худро ба ҳайси ҳизби абарқудрати сиёсӣ ба мардумӣ муаррифӣ мекард, дидем.
Метавон гуфт, ки аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ зиёиёни асили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳониёни наҳзатӣ даргир шуданд. Дар ин даргириҳои лафзӣ дар ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва зиёиён таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии исломи сиёсӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ наҳзатиён таҷрибаи созмони махфии Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон (минбаъд ҲНИ)-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, ба ҳайси манбаи сиёсӣ – идеологӣ истифода карданд. Таҷрибаи методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ – мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе «саршиносон» – и рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, оташи бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон доман заданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги бародаркуш гардиданд. Намунаҳои аввали террори динӣ – мазҳабӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри бист ба дасти муридони наҳзатӣ дар гӯшаҳои даргири ҳудуди Тоҷикистон сурат гирифт. Дар моҷароҳои сиёсию низомие, ки ибтидои солҳои навадум ба вуқӯъ пайваст, боиси ҳалокати беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ки дар он ТТЭ ҲНИ ширкат ва саҳми бевоситаи фаъол дошт. Ҳосили ин «ширкати фаъол» – ро метавонем имрӯз дар чеҳраи насли миёнсол ва калонсоли ҷумҳурӣ бубинем.
Ҷанги бародаркушӣ, ки ТТЭ ҲНИ иштирокчии бевоситаи он мебошад, мисли як балои вогир Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба масири мусибату бадбахтӣ таҳрик дод. Фарз кунем, агар ҷанги шаҳрвандӣ, ки омили асосиаш ТТЭ ҲНИ буд, ба вуқӯъ намепайваст ва бало ба сари мардуми тоҷику тоҷикистонӣ намеомад, Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид. Аммо, чуноне ки медонем, дар ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ авзои сиёсию иҷтимоӣ бо «ташаббус»-и ҳилаҳои наҳзатӣ бад шуда, мусибат болои мусибат мардум ва кишварро таҳдид намуд ва саранҷом ба ҷанги фалокатбори мулкӣ сабаб гардид.
Мубориза бо дунёмадорон, ки зидди афкори хушки наҳзатӣ қад алам карда буданд, дар меҳвари кори сиёсӣ ва ҳизбии наҳзат қарор дошту дорад. Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пӯшиши либос риоя мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раҳбарии сиёсӣ тавсеа ёфт, ба хотири ҷалби ҷавонон аз василаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ истифода бурд. Аз ин лиҳоз, барои рӯпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ин ҳадафи стратегӣ ТТЭ ҲНИ аз воситаҳои нави техникӣ ва иттилоотӣ истифода намуда, балоро сари мардум ҷур кардан мехоҳад ва бо пӯшидани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риояи зоҳирии низомии зиндагии дунявӣ, таассуби мазҳабии наҳзатиро пинҳон медорад. Методикаи муборизаҳои сиёсӣ вобаста ба шароити нави геосиёсӣ барои ТТЭ ҲНИ дар давраи нави таърихӣ (солҳои 2006 – 2015) тағйир ёфт. Бо тақозои замон ва зиёда аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТТЭ ҲНИ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ, замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд (касби қудрат, зиллати миллат, салтанати мафкураи хушки асримиёнагӣ, ҷамъоварии молу мулки мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини мазҳабӣ, барҳам задани низоми дунявӣ, афзудани заводу фабрикаи истеҳсолоти ғулом ва ғайраҳо). Қудратхоҳии роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард: то метавонанд аз бовармандии мардум сӯиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯйиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат, балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд.
Ҳадафҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд. Бинобар ин, аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст. Созмонҳои террористӣ, ки Ховари Миёнаро ба майдони ҷангу хунрезӣ ва мусибату бадбахтӣ табдил додаанд, ҳеҷ гоҳ боиси амнияту суботи минтақавӣ набуда ва нестанд. Аз ҷумла раҳбарият ва ҳавохоҳони наҳзатӣ тайи фаъолияти тӯлонӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ, манбаи сулҳу оромиш набуданд ва нахоҳанд буд. Баръакс, дар ҳар куҷое, ки пайдо шуданд ва изи по гузоштанд, ноамнию бесуботӣ ҳукмрон мегардад. Инро таҷрибаи башарӣ исбот кардааст. Бинобар ин, бо такя ба мақоли мардумӣ: «аз бало ҳазар» бояд кард. Ба қавли шоир:
Комгорӣ ҷӯй, ки роҳе нест ноком зистан,
Аз бало эмин будан, шарти ором зистан.