Имрӯз бо шарофати истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сиёсати одилонаи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоату ибодат, дину диёнат ҳамаи шароитҳо муҳайё аст ва мардум, хусусан ходимони дин шукронаи неъматҳои илоҳӣ мекунанд.
Дар ҳамаи давру замон инсонҳои ношукр пайдо мешаванд ва дар замони босаодати мо низ иддаи кам бошад ҳам, шахсони носипосе ҳастанд, ки неъматҳои илоҳиро пеши по мезананд, тинҷӣ, оромиро қадр намекунанд. Аз ҷумла, шахсон ё гурӯҳҳое мавҷуданд, ки аз номи дини мубини ислом барои ғаразҳои шахсӣ ё гуруҳӣ ҷараёнҳои мазњабиро истифода менамоянд, бо номи ислом гурӯҳҳои фитнаангезро ташкил мекунанд, ки сабаби гумроҳ шудани ҷавонон мешавад. Ҳама огоҳ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ҷараён ва ҳизбҳои ба ном динӣ ҳамчун “Ҳизби таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷундуллоҳ” “Ҷараёни Салафия” “ҲНИТ” ва ғайра бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ ба қайд гирифта шудаасту фаъолияташон манъ гаштааст.
Дар Тоҷикистон аъзоёни ҷараёни “Салафия” бо сабаби корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳалномаи Суди олӣ қисман ислоҳ шуда бошанд ҳам, то ҳол ин ҷараён тамоман аз байн нарафтааст. Вақте ки ҷавонеро мебинем, ки тибқи таълимоти “Салафия” амал мекунад, бояд бетараф набошем, зеро ҳар кас, ки кори хато, тафриқаву ихтилофро бинаду пеши роҳи онро нагирад, гунаҳкор мешавад.
Омилҳои шомилшави ҷавонон ба равияи “салафия” асосан аз ҷониби пешвоён ва пайравони ин ҷараён бо тариқи таблиғ ва тарғиб ба вуҷуд меояд. Мубаллиғони салафия аз шабакаҳои интернетӣ истифода бурда, андешаҳои иртиҷоии худро бо роҳи додани дарсу таълим пањн мекунанд. Дар љањони интернет шабакањои тарғиботии салафигарӣ бо забони тоҷикӣ ҳам зиёданд, ки дар онҳо шахсони муайян таблиғоту тадрисро ба роҳ мондаанд.
Ҳар як фард бояд донад, ки ҳадафи ин ҷараён сиёсикунонии дин мебошад. Сиёсикунонии ислом ба зарари дин, Ватан ва миллати мо мебошад, зеро дини ислом дини қатлу ғорат, буғзу адоват ва ҷудоиандозӣ набуда, балки ислом аз номаш ва таълимоташ маълум аст, ки дини тинҷию оромӣ буда, таълимоти он саршор аз раҳму шафқат мебошад.
Ҷараёни салафия, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ ва террористӣ шинохта шудааст, ба аҳли суннат ва ҷамоат хусусан ба мазҳаби Имоми Аъзам мухолифатҳои зиёд дорад, ки мардуми мо аз онњо бояд огоҳ бошанд.
Ҷараёни салафия дар асоси таълимоти њанбалия дар асри XIV бо афкори Ибни Таймия ба вуҷуд омад ва дар асри XVIII бо саъю кӯшиши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ба ҷараёни “Ваҳҳобия” табдил ёфт ва аз соли 1920 дар Арабистони Саудӣ ҳамчун равияи озоди динӣ тарғиб ва дар афкору аъмоли динӣ татбиқ карда мешавад.
Ҷараёни салафия ягон мазҳабро эътироф намекунад ва иҷмоъу қиёсро бидъат мењисобад. Бо ин тафаккури нодуруст онҳо дар Тоҷикистон аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷавононро фиреб намуда, ба ғояҳои экстремистӣ тарғиб менамуданд. Хусусан дар шаҳри Хуҷанд ҷавононе, ки худро салафӣ мешумориданд аксар аз дин бехабар буданд, ягон масъалаи шаръиро баён карда наметавонистанд, аммо кӯркӯрона ҳама чизро бидъат шуморида, ҳатто меҳроби масҷиди Бобораҳим-оқсақоли шаҳри Хуҷандро нест карда, даъво карданд, ки дар замони Расулуллоҳ чунин набуд. Рӯирост мӯйсафедонро аз даромадан ба масҷид манъ намуданд.
Агар мо ба солҳои гузашта назар кунем, дар байни ин аҳзобу ҷараёнҳо дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ҷараёни салафия зиёдтар ва ошкоротар ба назар мерасид.
Дар ибтидо гурӯҳи салафиҳо дар намозҳои ҷумъа баъди қироати сураи Фотиҳа “омин”-ро баланд мегуфтагӣ шудаанд, оҳиста-оҳиста дар ибодатҳо, ақидаи салафигарӣ ва бемазҳабиро тарғиб карда, ихтилоф андохтанд.
Баъзеҳо мегуфтанд, ки салафиҳо ба сиёсат кордор нестанд, ва ҳатто дар Либия то соли 2010-ум як шиор буд: “Ман таҳаззаба хона” яъне “Ҳар касе, ки аз номи дин гурӯҳ ташкил кунад, хиёнаткор аст”. Вале чун соли 2010 бо ташаббуси баъзе ташкилотҳои хориҷӣ фаъолияти ҷараёни салафия иҷозат дода шуд ва соли 2011 вақте ки нооромиҳо дар Либия сар шуд, аввалин шуда “Салафиҳо” даст ба силоҳи оташфишон зада, мардуми осоиштаро ба қатл расонида, соҳиби қудрат шуданд.
Он ҷавононе, ки худро ислоҳталаб мешумориданд, дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дар хонаи майит фотиҳахониро манъ намуданд, дар ҳаққи Имоми Аъзам беҳурматӣ мекарданд, ҳатто дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сангҳои қабрҳоро бидъат гӯён мешикастанд, зеро зиёрати қабр дар назди онҳо бидъат аст.
Ақидаи салафиҳо хилофи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Онҳо ақида доранд, ки Худо дар болои Арш аст, Худои таъоло монанди инсонҳо дорои чашм, даст, пой ва дигар узвҳои инсонӣ мебошад ва онҳо мусулмонҳои мазҳабиро ба куфр ҳукм мекунанд, ки онҳо муқаллиданд, мазҳабҳоро номашруъ мешуморанд, таълимоти Имоми Аъзамро ҳаром ҳукм мекунанд, иҷмоъ, қиёсро қабул надоранд, дар куҷое, ки осори миллӣ-таърихӣ бошад, вайрон мекунанд, аз ҷумла, низоми давлатдории конститусиониро қабул надоранд, китобҳои њанафимазҳабон, мисли “Мухтасар-ул виқоя”, “Муснади Имоми Аъзам”, “Чаҳор китоб”-ро бидъат ва ширк мешуморанд. Њатто нияти намозро бо забони тоҷикӣ ҳаром меҳисобанд, идҳои миллии мо монанди “Наврӯз”, “Рӯзи модарон” ва “Меҳргонро” куфр мешуморанд, дар намозҳо ихтилоф меандозанд.
Солњои охир барои пешгирӣ аз ин ҷараёни ихтилофангез корҳои зиёд ба субут расид, аз ҷумла, ходимони дин аз аввал мавқеъи муайяни худро изҳор карда, тариқи васоити ахбор, телевизиону радиои вилоят ва хусусан аз минбарҳои масҷидҳои ҷомеъ ва марказӣ хатари ин ҷараёнро ба мардум расониданд. Баъди гузаронидани корњои фањмонидадињӣ дар масоҷиди маҳаллаҳо ва масҷидҳои ҷомеъ пайравони салафия кам ба назар мерасидагӣ шуданд.
Раёсати Шӯрои уламои дини вилоят, Садорати масҷиди ҷомеъи марказии Шайх Маслиҳатдин ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи шаҳри Хуҷанд хато ва нодуруст будани ҷараёни салафияро дар намозҳои ҷумъа, мулоқоту вохўриҳо дар маҳаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио изҳор намуда, пеши роҳи авҷгирии онро гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, салафиҳо дар масҷидҳои панҷвақтаи маҳаллаҳо фаъолият намуда, бо норозигии мӯйсафедон рӯ ба рӯ шудаанд, дар адои урфу одат тафриқа андохта, дар хонаи майит фотиҳахонӣ, тиловати Қуръон ва ғайраро бидъат ҳукм карда, мардумро ба бемазҳабӣ даъват карданд.
Бояд қайд намуд, ки дар пешгирии ин ҷиноят ва муқовимат дар роҳи барҳамзании фаъолияти экстремистӣ ва террористии ҷараёни салафияи такфирӣ хизмати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят беҳад калон мебошад, ки мардум аз санаду меъёрҳои қабулгардида дар заминаи фаъолияти ин сохторҳо хушҳолӣ мекунанд, ки ақидаи ифротгӣ имрӯз қариб ба чашм намерасад.
Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки бо вуҷуди корҳои зиёд, ҳоло ҳам дар ақидаи баъзеҳо таълимоти “салафия” вуҷуд дораду пурра аз байн нарафатааст. Бояд уламои дин дар ҷамъомадҳо, телевизиону радио ва минбари масҷидҳо ба мардум арзишҳои динӣ, афзалияти мазҳаби њанафӣ ва хатари ақидаҳои ихтилофангез аз ҷумла, хатари ҷараёни салафияро бо далелу ҳуҷҷат баён намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро кори доимии худ шуморанд.
Дар ҳадиси шариф омада аст: “Ад-дину ан-насиҳа”, яъне “дин насиҳат аст”. Дар ҳақиқат, дини мубини ислом дини ақидаи солим, ибодат, одобу ахлоқ, муомилаи нек, меҳнати ҳалол, раҳму шафқат мебошад.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: “Мо мазҳаб дорем, мо пири мазҳаб дорем” яъне мо бояд пайрави мазҳаби ҳанафӣ бошем ва монанди салафиҳо бемазҳаб набошем, зеро бемазҳабӣ моро ба кӯчаи сарбаста ҳидоят мекунад.
Дар солҳои охир бо зуҳури ин ҷараён дар байни ҷавонон ихтилофоти ақидавӣ, пайравӣ накардан ба мазҳаб, ҳатто дар байни намозгузорон буғзу адоват ба мушоҳида мерасид.
Салафиҳо худро иҷрокунандаи қавли Пайғамбар, алайҳиссалом мешуморанд, аммо тасбеҳот ва дуруду дуои баъди намозро агарчи мувофиқи ҳадиси шариф бошад ҳам, иҷро намекунанд, ҳатто бидъат гуфта даъво ҳам карданд, аммо бо камоли масъулият дарк намекунанд, ки дар иттихози ҳадис ва масъалаи фиқҳӣ мартаба ва манзалати Имоми Аъзам куҷову онҳо куҷоанд, онҳо ба насиҳат эҳтиёҷ доранд.
Ҳар як фард қатъи назар аз он ки ӯ раиси маҳалла, фаъоли маҳалла, аҳли зиё ё ходими дин ва ё соҳиби касбу кори гуногун аст, бояд тарғибгари тинҷию оромии кишвар бошад. Ходимони дин нагузоранд, ки аз номи дини мубини ислом сӯистифода шавад ва ба мардум фаҳмонанд, ки ҳадафи ҳизбу ҷараёнҳои бо ном динӣ ба даст овардани қудрат (ҳукумат) ва ноором кардани кишвар мебошад.
Инсон ба насиҳат муҳтоҷ аст, дар ҳамаи давру замон падару модар дар оила, устодон дар мактабу дорулулум ходимони дин фарзандону шогирдон ва мардумро насиҳат мекарданд.Имрӯз мо бояд бетараф набошем. Пеши роҳи шомил шудани ҷавононро ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бигирем.
Ҷавонони мо бояд илм омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, ватани худро обод кунанд, фарзандони худро дар рӯҳияи солим тарбия карда, хидмати падару модарро ба љо оварда, дуои онҳоро гиранд, иншооллоҳ соҳиби саодат мешаванд.