ИИШ. ДАНДОНҲОИ СОЛИМ ВА МАҒЗИ АБЛАҲОНА

Имрӯз дар ҷаҳони ислом оташи ҷангу ихтилофоти мусаллаҳона дар гирифтааст, ки дар аксари онҳо ғайр аз неруҳои хориҷӣ худи мусулмонҳо низ даст доранд ва авзоъро боз ҳам печидатар мегардонанд. Дар робита ба ин, бо назардошти таҷрибаи ғанӣ ва беҳамтои сулҳофарине, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти дохилӣ касб намудааст, бар иловаи даъват ба ҳалли сулҳомези ҳар гуна ихтилоф ва муқовиматҳо, дар пасманзари густариши таҳдиду хатарҳое, ки аз «Давлати исломӣ» бармеомад, мехостем ба чанд нуктаи муҳим дар мавриди муносибати Шариат ва ё фиқҳи исломӣ рӯшанӣ андозем.

Ҷиддияти масъала дар ин аст, ки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аз дини мубини ислом хеле устокорона истифода бурда, зери пӯшиши дин осебпазиртарин қишри ҷомеаи мо, яъне наврасону ҷавонон, духтарону занони ноогоҳ, аз нигоҳи маънавӣ бакамолнарасида ва мутобиқнашударо ба сафи худ ҷалб менамояд.
Аз таҳлили он аъмоле, ки роҳбарони созмонҳои террористии байналмилалӣ гӯиё аз номи дини мубини ислом содир менамоянд, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки онҳо дар асл василаи амалӣ намудани мақсаду мароми хоҷагоне мебошанд, ки тавассути чунин амал мехоҳанд номи поки дини мубини ислом ва чеҳраи тамаддунофари онро дар чашми ҷаҳониён бад созанд. Дар ҳоли ҳозир, ҳассосият ва ҷиддияти масъала боз дар он аст, ки ДИИШ аз номи фиқҳи исломӣ сиёсати «поксозии дин», яъне такфиризмро пеш гирифтааст. Ва бо ҳамаи онҳое, ки бо ин давлати ба ном исломӣ нестанд, ҷанги беамон эълон доштааст. Ин дар ҳолест, ки воқеияти бархӯрди дини ислом ба адёни дигар комилан фарқ намуда, каромоти инсонӣ дар ҷои аввал меистад.
Барои мисол, Шариат ё худ фиқҳи исломӣ, нисбат ба қатли инсон хеле ҷиддӣ бархӯрд менамояд. Арзиши ҳаёти инсон дар китоби муқаддаси «Қуръон» батакрор зикр гардидааст. Ҳарчанд ҳанӯз ҳеҷ ҷомеае дар ҷаҳон наметавонад иддао намояд, ки аз қатли инсон комилан орӣ аст, вале даҳшатовар ва амали нобахшиданӣ ин аст, ки дар баъзе аз маворид мусулмон бар зидди мусулмон ва бародар муқобили бародар мехезад. Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз мусулмонон ҳар чи бештар даргири ихтилофоти мусаллаҳонаи дохилӣ мешаванд ва дар қатлу куштори мусулмонони дигар даст доранд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин амали нораво имконпазир шудааст ва «Қуръон»-и маҷид дар ин бобат чӣ мегӯяд?
Муносибат ба қатл дар «Қуръон» хеле равшан ва возеҳ аст. Дар сураи «Нисо», ояти 93 омадааст: «Ва ҳар ки мӯъминеро бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург бар ӯ омода сохтааст».
Ҳамзамон бо ин, вақтҳои охир дар Шарқ созмонҳое зуҳур намудаанд, ки худро «ягона мӯъмини мусулмон» эълом кардаанд. Бисёрии чунин созмонҳо ба ташкилоти террористие, монанди «Ансор Байт ал Мақдис», «Боко Ҳарам», «ал – Қоида дар нимҷазираи Арабистон» табдил ёфта, баъдан, ба ДИИШ пайвастанд. Бояд ёдовар шуд, ки имкони зуҳури чунин созмонҳоро ҳанӯз Паёмбари Ислом дар замони худ пешгӯӣ карда буд, ки дар аҳодис тасдиқи худро ёфтааст.
Мутобиқи ҳадиси 1066 Муслим ва ҳадиси 1436 (3611) ал-Бухорӣ, Паёмбари Ислом дар бораи хавориҷ гуфта буд: «Дар замони охир одамоне пайдо хоҳанд шуд, ки дандонҳои солим, аммо мағзи аблаҳона хоҳанд дошт. Онҳо суханони хуб ба забон хоҳанд овард, «Қуръон» мехонанд, аммо ба наҳви худ. Имони чунин одамон мисли тире, ки аз камон ҷастааст, бадар хоҳад рафт. Агар онҳоро дучор оед, бикушед (онҳоро), ҳароина кушандаи онҳо дар рӯзи Растохез дар назди Аллоҳ подош дарёфт хоҳад кард».
Маҳз, рӯи ҳамин асл, дар сурати рӯй додани ихтилоф, мусулмони воқеӣ сулҳро ба нафъи уммати мусулмон ва мардуми аҳли китоб ҳифз хоҳад кард.
Тағйироти охир дар минтақа ва ҷаҳон вобаста ба густариши терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва пайванд додани ин зуҳуроти манфӣ бо дини мубини ислом ашхоси солимфикрро ба он даъват менамояд, то ки рангу тобиши динӣ аз ин созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла, «Давлати исломӣ» бардошта шавад, то ин ки чеҳраи воқеии онҳо, ки бо дини ислом ҳеҷ гуна иртиботе надоранд, маълум гардад. Чунин созмонҳоро на далелу ангезаи динӣ, балки манфиатҳои ояндадори геополитикӣ ва геостратегии гурӯҳҳои муайяне, ки мехоҳанд аз ин манфиатҳо дар тамоми ҷаҳон баҳра гиранд, раҳнамоӣ ва ҳидоят менамояд.
Ин ҷо суоли мантиқие низ матраҳ мешавад, ки аз пайдоиши «Давлати исломӣ» беш аз як сол гузаштааст ва тайи ин муддат онҳо барои ислом ва барои ҷаҳони ислом чӣ мерос гузоштаанд? Посух ба ин суол умедворкунанда нест, чунки ба ҷуз бесуботӣ, ноамнӣ, қатлу куштору даҳшатафканӣ ва харобӣ, ин созмон дигар «амали хайреро» аз худ боқӣ нагузоштааст. Табиист, ки чунин аъмоли саркардагони «Давлати исломӣ» ва он чи дар пушти парда доранд, зарбаи ҷиддие ба ҳайсияту эътибори Ислом ва мусулмонони ҷаҳон хоҳад буд, ки барои эҳё ва таҷдиди он вақти зиёд лозим аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code