ТЕРРОРИЗМ. АЗ МУБОРИЗА ТО МАНФИАТИ ҚУДРАТҲО
Хатари терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи он ҳамоно аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар ҷомеа аст. Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Бахусус, ҳаводиси хунини Париж, суқути ҳавопаймои мусофирбари A 321-и Русия дар нимҷазираи Синайи Миср, ки соли 2015 аз ҷониби ин гурӯҳи харобкор анҷом ёфт, чеҳраи аслии терроризмро бори дигар нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд.
Коршиносону таҳлилгарони тоҷик дар конфронси илмӣ-амалие таҳти унвони «Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва роҳҳои пешигирии он», ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ин мавзӯъро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиш Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нигоҳе ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир изҳор дошт, ки бояд ба падидаҳое аз қабили терроризму экстремизм, ки суботи кишварҳоро халалдор намуда, ба ҳаёти башарият таҳдид менамоянд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, алайҳи онҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ӯ гуфт, ки «Сиёсати давлатии мо, дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм мушаххас аст ва дар ин замина корҳои судбахш анҷом шудаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ, аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик аз ибтидо дар тохту този таърих мавқеи размовар надошт ва пайваста бо истилоҳоти наҳсе, мисли терроризм ва экстремизм муқовимати шадид мекард».
Айни замон барои мубориза бо терроризм, ки дар меҳвари он «Давлати исломӣ» қарор дорад, эътилофҳои алоҳидаи байналмилалӣ вориди мубориза шуданд. Аз ҷумла, эътилофи таҳти раҳбарии Амрико бар зидди «Давлати исломӣ» дер боз вориди ҷанг аст, вале то кунун натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил нашудаанд. Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони умури низомӣ, бахусус, низомиёни баландпояи амрикоӣ эътироф мекунанд, ки амалиёти Русия зидди «Давлати исломӣ»-ро, ки бо дархости расмии Ҳукумати Сурия аз 30 сентябри соли 2015 шурӯъ шуд, муассиртар медонанд. Гуфта мешавад, ки зарбаҳои ҳавоии неруҳои низомии ин кишвар иқтидори «Давлати исломӣ»-ро заиф намудааст.
Аммо, Ғуломҷон Мирзоев, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки қудратҳои ҷаҳони муосир дар мубориза бо терроризм, дунболи манфиатҳои худ ҳастанд ва агар манфиати қудратҳо дар мубориза бо «Давлати исломӣ» дар хоки Ироқу Сурия аз ҳам тафовут намедошт, кайҳо ин гурӯҳи террористӣ аз байн бурда мешуд. Ба қавли ин таҳлилгар, агар садҳо миллиард доллари амрикоӣ, ки барои ҷанг дар Афғонистон, Ироқ, Либия ва манотиқи дигари олам сарф шудаву сарф мешаванд, барои муборизаи ҳақиқӣ бар зидди терроризм ихтисос дода шаванд, дар рӯи замин аз он осоре намемонад.
Хайринисо Юсуфӣ аз кӯшиши ба ислом рабт додани амалҳои террористӣ аз сӯи расонаҳои бархе кишварҳо ибрози нигаронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, «вақте амалҳои террористӣ анҷом мешаванд, мутаассифона, аксар вақт таваҷҷуҳ ба иҷрокунандаи онҳо ҷалб мешавад, неруҳои аслӣ, ки ин амалҳои террористиро тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ кардаанд, пушти парда мемонанд».
Зимнан, масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Дар ҳоле, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба онҳо надоштани маърифати ибтидоии динӣ гуфта мешавад. Сайфулло Сафаров, доктори илмҳои сиёсӣ, ба ин бовар аст, ки маҳз ватандӯстӣ метавонад, дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии Ватану таърихи он ва рӯҳияи бешикасти миллат табдил ёбад. «Касе дар Тоҷикистон ватандӯст буд, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ худро роҳат эҳсос мекард. Касе ватандӯст нест ҳоло ҳам, ки тамоми шароит барои зиндагии фаъолона ва бунёдкорона муҳайё гаштааст, аз худ ва Ватан норозӣ буда, туъмаи осони террористону тундгароён аст». Аз ин рӯ, ба таъкиди Сайфулло Сафаров вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо, бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.