ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ. АҲАМИЯТИ МУҚОВИМАТИ МАФКУРАВӢ ДАР ПЕШГИРИИ ОН

Имрӯз дар қатори зуҳуроти дигари номатлуб паҳншавии ифротгароии динӣ дар олам, ки ба кишвари мо ҳам бетаъсир нахоҳад буд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Хатари онро мо пеш аз ҳама дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хусусияти тоҷикон ҳам дар марҳалаи тоисломӣ ва ҳам дар марҳалаи исломии таърихи миллат ба мушоҳида мерасад. Гузаштагони барӯманди халқи тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта, бо офаридани осори бузурги маънавии илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими пояи давлатдорӣ ва ҳифзи мазҳаб андешаронӣ намудаанд. Чунончи, дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тӯсӣ таъкид шудааст: «…Кадхудоёни он давр ҳама соҳибпешагони Хуросон будаанд ва дабирони Хуросон ҳанафимазҳаби покиза бошанд. Дабирон ва омилони бадмазҳабро ба хештан роҳ надодаанд ва на аҳли Хуросон ҳаргиз раво доштандӣ, ки эшонро шуғл фармоянд. Гуфтанд, инон ҳаммазҳаби дайламиёнанд ва ҳавохоҳи эшон чун пой устувор кунанд, кори аҳли ин сарзамин ба зиён оваранд ва мусулмононро ранҷҳо расонанд». Гуфтаҳои мазкур бори дигар собит менамояд, ки мушкилиҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом дар даврони гузашта низ бо рангҳои гуногун зуҳур кардаанд ва миллати тоҷик бо ҳифзи мафкураи асили худ тавонистааст аз ин гуна вартаҳои зиндагӣ худро наҷот диҳад.
Паҳлуи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ мешавад, ки дар маҷмӯъ асосҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро барои пешгирии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Ба тасвиб расидани “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Аммо бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва ҳатто динӣ низ шарт ва зарур аст. Аз ҷумла, мувофиқи мақсад аст, ки натиҷаҳои таҳлилу омӯзишҳои марказҳои илмии ватанӣ доир ба сабабу шароити пайдоиш ва авҷ гирифтани унсурҳои ифротгароии динӣ дар вазъи кунунӣ ба масъулони татбиқи меъёрҳои қонун омӯзонда шуда, баҳри ҳамоҳанг сохтани фаъолияти дастаҷамъона дар решакан намудани ин раванди номатлуб истифода шавад.
Барои мо илми ободкунандаву роҳкушоянда ва исломи созанда лозим аст, ки тавонад истодагарии тафаккури ҷавононро дар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротӣ таъмин намояд ва онро ба самти рушду шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят кунад. Бо истифода аз дастовардҳои фарҳанги ғании миллӣ ва мероси ахлоқиву маънавии гузаштагон мебояд дар замири ҷавонон асли таҳаммулгароӣ эҳё гардида, садди роҳи воридшавии мафкураи зӯроварона гирифта шавад. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо амалисозии чораҳои маҷмӯии якҷояи ҳуқуқӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мувофиқи мақсад мебошад. Бо ташаккули неруи қавии мафкуравии ҷавонон, ки пурра ва самимона аз ҳидоятҳои Пешвои миллат маншаъ мегиранд, мо метавонем тадбирҳоеро рӯи даст гирем, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, илму дониш, ободкориву созандагӣ, ҳифзи истиқлолият ва сулҳу суботи ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бунёди асли таҳаммулгароӣ нигаронда шудаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code