Доги падар
Роҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ чанд моҳ қабл аз амалӣ кардани нақшаи табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 Тоҷикистонро тарк карда, давлатҳои хориҷаро макони ҳамешагии истиқомати худ қарор дод. Ин аъмоли зишту манфур ва тири сияҳи ба ҳадаф нарасида барои аз байн бурдани сулҳу оромӣ равона шуда буд.
Душмани миллат ба ҳадафи нопоки худ нарасида, тарки Ватан кард ва дарди равонии онро падари маризу барҷомондааш Тилло Кабиров кашид, ки фарзанди нохалаф оромии ӯро барбод дод ва ҳамаи ин рафтори фарзанди саркаш боис гашт, ки падари ранҷдида бо ҷаҳони фонӣ падрӯд гӯяд.
М. Кабирӣ дар пайи пайса бо кӯмаки хоҷагон манфиатҳои дигар ҷонибҳоро бароварда гардониданӣ шуда, дур аз ёру диёр пинҳону ошкоро умр ба сар мебарад. На аз ватан ёд мекунанду на аз падару модар ва на аз хешу ақрабон ва аниқ аст, ки то ҳол низ аз волидайни хеш ёде ҳам накардааст. Баръакси гуфтаҳои волидайн бо якравиву бадфеъливу бадгуфторӣ доғи оила ва хешу табор гардид. Бародарону хоҳарон аз рафтору кирдори фарзанди нохалаф азоби шадиди равонӣ мекашанд.
Муҳиддин Кабирӣ на танҳо сабаби озори як хонавода шудааст, балки кулли мардум аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Падари М. Кабирӣ Тилло Кабиров ҳанӯз замони дар қайди ҳаёт будан пайваста ба писараш муроҷиат карда мегуфт, ки вай насиҳатҳои ӯро фаромӯш карда, ба роҳи бад рафтааст. Борҳо падар аз писари саркаш хост, то аз хиёнаткорӣ нисбат ба ватан ва дӯстон даст кашад. Вале писари гапнодаро насиҳати падару бародаронашро ба гӯш нагирифт. Чунки меҳри пулпарастиву молпарастӣ дар дили вай рӯз то рӯз зиёд мешуд ва аз кирдори бадаш тамоми оила ва хешовандон дар ҳолати ногувор қарор доштанд.
Ҳоло бошад, дар дуриҳои дур раёсати фирории ТЭТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабари даргузашти Тилло Кабиров, падари Муҳиддин Кабириро шунида, гӯё андуҳгин ва ғамгин гашта бошанд. Фирориҳои наҳзатӣ марҳум Т. Кабировро инсони наҷиб, меҳнаткаш, хоксор ва меҳрубон баҳо додаанд: «Марҳум намунаи як инсони комил, аҳли фазл ва моломол аз хулқи накуву азхудгузарӣ буданд». Аммо аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо боазаматии ин мардро шикаст.
Агар Кабирӣ аз гуфтаҳои падар сабақ мегирифт, то ин вақт хеле дигаргун мешуд ва одами дидадарову пуртамкин гардида, ба падару модар эҳтиром мегузошт. Ӯ азобу уқубатро ба сари падару хонавода ва наздиконаш намеовард.
Падари Муҳиддин Кабирӣ – Тилло Кабиров зиндагии сангин дошт. Аз аъмоли нохалафонаи писар ба бемори саратон гирифтор шуд ва зиндагӣ рӯз то рӯз барояш мушкилтар мегашт. Аммо фарзанд доғи оила шуда, дар кишварҳои аврупоӣ ғуломвор барои хоҷагони хориҷиаш хизмат мекард ва падари хешро фаромӯш сохт. Падар бо ҳамин доғи фарзанди хиёнаткор ҷаҳони фониро падрӯд гуфт. Вале М. Кабириро, ки он қадар ҳирси пулу мол боло гирифт, ҳатто натавонист дар ҷанозаи падар иштирок кунад.
М. Кабирӣ бештар аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҷонибдорӣ намуда, танҳо ба хотири иғвоангезӣ аъмоли зиштро пеша кардааст. Вобаста ба мавқеъ ва имконият оилаи худ, замини худ, ҳастии худро иваз намуд. Кабирӣ ҳамон хиёнаткоре ҳаст, ки ба халқ, ба миллат, ба зану фарзанд, ба Ватан-Модар хиёнат кард. Падар низ бо сад дарду алам дар миёни ҷомеа, ёру дӯстон ин ҳарфҳоро мешунид ва дигар дурӯғгӯиву хиёнаткории фарзандаш – Муҳиддинро дидан намехост.