Ислом ба зоти худ надорад айбе…
Ҷавонони Тоҷикистон Асри 21-ро асри илму техника, рушди бесобиқаи зеҳнӣ ва асри навоварӣ унвон кардаанд. Аммо аз ибтидои ин аср зуҳуроти номатлуб, чун терроризму экстремизм авҷ гирифта, ҷаҳонро ба таҳлука ва одамонро ба тарсу ҳарос оварда, ҳамчун вабои аср ба проблемаи №1-и ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи авҷгирии амалҳои террористӣ дар гӯшаву канори дунё аз тарафи баъзе нафарони «даъвои мусулмонидошта», ки дар асл фитрати инсонӣ надоранд, дар зеҳни мардум ислом чун дини террористӣ ва мусулмон ҳамчун террорист шакл гирифтааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки дар кишварҳои Аврупову Амрико аз фарди мусулмон, новобаста аз миллату нажод ва кӣ буданаш «қади аҷал» метарсанд. Дар ҳоле, ки ислом душмани терроризм аст. Яке аз бадбахтиҳои дигар он аст, ки гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз барномаҳои махсуси психологӣ ва нозукиҳои динӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонон ва шахсони заифирода зиёд кардан доранд.
Тавассути васоити ахбори ом¬маи дохилу хориҷи кишвар хатари мудҳиши терроризму экстремизм, оқибатҳои фалокатбори он ва гар¬долудшавии фазои ободу ороми давлатҳои алоҳида инъикос мегар¬данд. Рӯзе нест, ки дар ягон давла¬ти дунё аз таркиш, марги одамон ва дигар амалҳои террористию экстремистӣ хабаре набошад. Дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон терроризму экстремизм яке аз хатарҳои асосӣ ба амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳсуб меёбад ва барои муқовимат бар зидди он давлат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, фаъолона мубориза бурда истодааст. Пеш¬вои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ, ҳатто аз минба¬ри СММ баромад карда, таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад. Ин зуҳуроти номатлуб проблемаи тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубо¬риза баранд.
Гурӯҳу ҳаракатҳои хусусия¬ти террористию экстремистӣ до¬шта ва роҳбарону аъзои онҳо ху¬дро ҳамчун мусулмони комил, пок, ҳақиқатпараст, адолатпарвар, ҳомии дин ва пошандаи тухми некӣ муаррифӣ карда, ақли дигаронро дуздида онҳоро гумроҳ намуда, бо даъвати гӯё «ҷиҳод» ба сафи худ шомил месозанд. Дар ҳоле ки разилтарин, бадтарин, пасттарин ва нопоктарини нопоконанд. Ҷиҳод ас¬лан чизи дигар аст, ки Худованд дар Қуръони маҷид моҳияту мақсади онро баёну муқаррар намудааст. Он ба терроризму экстремизм ҳеҷ раб¬те надошту надорад. Барои дарки амиқи он тафсири Қуръон, ҳадисҳои пайғамбар (с) ва дигар ҳуҷҷату далелҳои зиёде мавҷуданд ва ба пуррагӣ исбот мекунанд, ки терро¬ризму экстремизм аз ислом набуда, мусулмон террорист нест.
Ислом динест, ки аз замони зуҳураш одамонро ба некӣ, илму адаб, поктинатӣ, ростқавлӣ, сулҳу дӯстӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзу ҳимояи он, донистани қадри якдигар, волои¬яти ҳуқуқ, некӣ ба ҳамдигар дар корҳои накӯ, пойдории оила, таъли¬му тарбияи дуруст ва ахлоқи ҳамида даъват карда, дар самти пешгирии ҳуқуқпоймолкуниҳо, ҷорӣ кардани тартибот, ҳимояи ҳуқуқи зану кӯдак ва шахсони ниёзманд, дур сохтани одамон аз ҷиноят, пешгирии қатлу куштор ва ҷудоӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ислом инсонро чун мавҷудоти олимақом чунин тарбия мекунад, ки меҳрубону бошафқат шуда, нисбат ба наздикони худ ва ҳатто бегонагон беғаразона накӯӣ менамояд. Афсӯс, ки баъзе аз мо ин сифатҳоро фаромӯш кардаем.
Ислом муъҷизаофар аст. Ҳақиқат ва покиро инъикос менамояд. Ин¬сонро, новобаста аз миллату нажод, ҷинс, ранги пӯст, молу мулк, илму дониш ва вазъи иҷтимоӣ баробарҳуқуқ эълон кардааст ва ба сиёсат ҳеҷ рабте надорад. Ислом риштаҳои кандаро пайванд, дардҳоро даво, захмҳоро шифо бахшида, ба но¬умедон умеди фардои дурахшон медиҳад.
Ин гуфтаҳо куҷо мемонанду тер¬роризму экстремизм куҷо? Пас, чӣ хел дидаву дониста, баъзе аз моро гумроҳ карда, ба сафи худ шомил кардаанд? Қатлу куштори бесабаб, ки зери косаи он ҳадафҳои сиёсӣ ва сарватғундории абарқудратҳо ниҳон аст, ҷиҳод аст магар? Чӣ тавр дар фитнаи онҳо мо дода меша¬вем? Бояд ҳар яки мо ин нозукиҳоро сарфаҳм равем.
Дар ҳадисе омадааст, ки ҷавоне ба назди Ҳазрати Муҳаммад (с) ома¬да, дархост мекунад: “Мехоҳам ба ҷиҳод равам”.
Пайғамбар мепурсад, ки “оё па¬дару модар дорӣ?”
Ҷавон мегӯяд: “Оре, падару мо¬дар дорам”.
Расули Аллоҳ фармуд: “Рав хид¬мати падару модаратро ба ҷо биёр”.
Имрӯз бошад мо чиро мебинем? Модари бечорае, ки чандин шаҳру давлатҳову сарҳадҳоро убур карда, ба ҷустуҷӯи фарзанди худ ба Сурия рафта буд, аз тири силоҳи дасти фар¬занди нохалафи палидаш дар рӯзи равшан ва ҳузури зиёди одамон бераҳмона ба қатл расонида шуд. Навори ин ваҳшониёт, ки фарзанд бо силоҳи худ модарашро мепаронад, дар саҳифаҳои интернетӣ чарх мезаду дили ҳазорҳо каси дигарро гум мезанонд. Модаре, ки биҳиштро зери пойи ӯ гуфтаанд, аз дасти фар¬занди нохалаф, ки ба дидани ӯ ома¬да буд, кушта гардид. Магар ҳамин аст ҷиҳод?
Ҳамчунин, фармудаанд, ки агар ҷиҳод кардан хоҳӣ, аввал бар нафси худ ҷиҳод кун.
Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгарои террористӣ бениҳоят зиёд буда, ба ҳар гӯшаи дунё доман паҳн карда тухми зул¬му ҷаҳолат мекоранд. Аз рӯйхати хеле калони гурӯҳҳои террористӣ маъмултарини онҳо гурӯҳҳои терро¬ристии «Ал-Қоида», «Бокко-Ҳаром», «Толибон», «Давлати исломӣ» ме¬бошанд, ки кору фаъолияти асо¬сии онҳо қатлу куштор, таркиш, вайронкорӣ, ғоратгарӣ ва ба сари мардуми бечора бадбахтӣ овардан аст. Аз ин миён номи гурӯҳи «Дав¬лати исломӣ» бисёр ҳам хандаовар менамояд. Гурӯҳе, ки ҷуз бадбахтиву ваҳшоният дигар чизеро намедонад, кӯдаку пиронсол, занону маъюбон ва бенавоёнро бераҳмона ба қатл мерасонад, худро «Давлати исломӣ» ном ниҳодааст. Магар хандаовар нест?!
Ҳар инсони соҳибақл хуб ме¬донад, ки дар паси пардаи чунин ҳаракату гурӯҳҳо ва раҳбарони онҳо киҳо истодаанд? Ба ҳамагон, албат¬та ашхосе, ки мантиқан фикр меку¬нанд маълум аст, ки сарпарастони ин гурӯҳҳо киҳо ҳастанд? Ҳамаи мо хуб медонем ва ҳоҷат ба ном овардани онҳо нест. Як фирк кунед, чандин тан нафароне, ки ҳама касу ҳама чизи худро тарк карда ба кӯҳ баромада, ба даст силоҳ гирифта ба харобкорӣ даст мезананд, аз куҷо дар он чӯлу биёбон, адиру кӯҳҳои барои зист номувофиқ маводи хӯрока, пӯшока, пойафзол, дигар намуд таҷҳизотро пайдо мекунанд? Аз куҷо онҳо силоҳу яроқҳои оташ¬фишон, техникаи ҷангӣ, воситаҳои таркиш меёбанд? Аз куҷо маблағҳои калон ба даст меоранд? Албатта, касе онҳоро дастгирӣ дорад ва би-сёр хуб. Решаи онҳо ҳеҷ хушк нашуда истодааст. Баръакс, як бехашонро шиканӣ, ба дигар тараф реша меда¬вонанд. Вагарна, наход давлатҳои абарқудрати дунё, созмонҳои бону¬фуз чанд гурӯҳи террористӣ ва чанд тан террористро несту нобуд карда натавонанд?
Ҳодисаҳои охир нишон медиҳанд, ки амалишавии сенарияҳои абарқудратҳо дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ дар гузашта хеле пешрафта, ба монанди Ироқ, Лубнон, Миср, Яман, Тунис, Афғонистон, Украина, Покистон ва Сурия, ки бисёр фазои тинҷу ором дошта мардум зиндагии осудаву хуш доштанд, имрӯзҳо ба сарсониву саргардонӣ, ғаму андӯҳ гирифторанд.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳама ҳолат ва дар муносибат бо ҳама кас бодиққату эҳтиёткор бошем. Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба шароби талхи чунин ҳодисаҳоро чашидааст. Вале таҳдиди хатари терроризму экстремизм ҳанӯз ҳам боқист.
Яке аз ҳамсоязанҳои маҳаллаамон, ки аз Ҷумҳурии Исло¬мии Афғонистон гуреза аст, боре бо дарду ҳасрат аз хотираи сарди худ ёдовар шуда гуфт, ки вақте дар хи¬ёбон таркиш ба амал омад дидам, ки хуни инсон монанди оби ҷӯй аз баландиҳо ба сӯи пастхамиҳои роҳу кӯчаҳо мерехт. Ҷасадҳои одамон, баъзе пора-пора, баъзе сӯхта, баъ¬зеи дигар дар ҳолати сӯхтан дар ҳар тарафи хиёбон ба назар мерасид. Худо чунин рӯзро нишон надиҳад. Пас, маълум мешавад, ки террори-стон на ҳомии дин, балки қотилони мардуми мусулмон мебошанд. Онҳо монанди малахҳое ҳастанд, ки зи¬роати киштзори дунёро хароб ме¬кунанд. Ба сафи онҳо шомил гаштан дидаву дониста барои худ қабр кандан аст.
Солҳои охир дар байни гурӯҳҳои террористӣ нақши ДИИШ хеле на¬заррас аст, ки пай дар пай бо тарки¬шу кушторҳои ваҳшиёна ном баро¬вардааст. Ҳадафи онҳо гӯё барқарор ва таъсис додани Хилофати исломӣ мебошад. Ба қатори ин харобку¬нандагони давр мардуми зиёде аз давлатҳои мусулмонӣ ва ҳатто ғайримусулмонӣ шомил гаштаанд.
Сабаби ба сафи ин гурӯҳҳо шо¬мил шудани ҷавононро гуногун шарҳ медиҳанд. Баъзе нафарон бо исрор мегӯянд, ки сабаби асосии пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ сатҳи пасти иқтисодӣ ва камбизоатӣ мебошад. Лекин дар миёни онҳо нафароне низ ҳастанд, ки аз лиҳози молиявӣ хеле сарват¬манд буданд. Баъзеҳо бар онанд, ки сабаб дар бесаводӣ ва ахлоқи пасти ҷавонон аст, аммо дар миёни онҳо шахсоне ҳам ҳастанд, ки ҳатто маълумоти олӣ ва ахлоқу рафтори хуби инсонӣ доштанд. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки сабаб дар минталите¬ти шарқиёна, ақидаи қуҳна дошта¬ни мардуми Осиё мебошад, вале аз миёни шаҳрвандони худи Аврупо низ дар қатори гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус гурӯҳи ба ном «Давла¬ти исломӣ» кам нестанд, ки худро дар ин роҳ ҳалок кардаанд. Дигар омилҳоро низ мисол меоранд, аммо гумон мекунам, ки сабаби асосӣ дар надонистани ҷавҳари аслии дину мазҳаб, Қуръону суннат, дуруст сарфаҳм нарафтани фармудаҳои Худованд ва ба ҳам омехта кар¬дани қонуну қоидаҳои шариат, ба миён омадани равияҳои сохтаи ҷудоиандоз, сатҳи пасти шуурнокӣ, зудбоварӣ ва таҳлилу дақиқ накар¬дани амалҳои худ, инчунин фит¬наандозии баъзе аз кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ мебошад. Ба таври дигар, мо – ҷавонон ва ҳатто баъзе калонсолон ба таври кофӣ на илми дунявӣ ва на илми диниро на-медонем, аммо дар фатво додан ҳама тайёрем, ки ин заифии мо ҳаст. Аз заифии мо бошад онҳо нақша тарҳрезӣ намуда миёни мо фитна андохта, моро бо ҳам мешӯронанд ва бар зидди худи мо ба қавли худ «ҳомии дин» метарошанд.
Донишмандиву шуурнокӣ ду силоҳи азиме аст, ки моро аз хатари терроризму экстремизм ҳифз карда метавонанд, албатта, агар онҳоро мо дуруст, ба манфиат истифода ба¬рем. Аз ин рӯ, ба омӯхтани илми за¬мон пардохта, ба воқеият бо чашми хирад назар бояд кунем.
Боиси қайд аст, ки Худованд аввалин ояти Қуръонро бо хито¬би “Иқра” (Бихон!) нозил намуд, ки бесабаб нест. Офаридгори мо ҳазрати Муҳаммад (с) ва тамоми бандагонашро ба хондан даъват намуд. Ҳар фарди қобилиятноку соҳибхирадро зарур аст, ки аз тамо¬ми роҳу воситаҳо истифода бурда, илм омӯзад ва худро ҳамчун шахси комил обутоб диҳад. На ин ки ба фи¬реби фитнагарон дода шуда, ба даст силоҳ гирифта бо бародарони худ ҷанг эълон намояд.
Моро зарур аст, ки ба найранги фитнагарон дода нашуда, аз ин хата¬ри мудҳиши замон дур бошем ва ба¬рои мубориза бурдан бар зидди тер¬роризму экстремизм дастаҷамъона, фаъолона ва далерона мубориза ба¬рем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст, дар
мусулмонии мост.