Решааш бурем зи бех

Дар ҳошияи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи зиёда аз бисту панҷ соли истиқлолият, ки назди таърихи тӯлонии инсоният хеле кӯтоҳ аст, воқеаҳо ва ҳодисоти зиёдеро аз сар гузаронд. Лозим ба ёдоварист, ки роҳи чандинасраро дар муддати ниҳоят кам тай намуд ва ба сулҳу ваҳдату созандагию бунёдкориҳо расид. Айни замон орзую омоли деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллиашон баланд ва ватандӯсти тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодааст ва Ватани азизамон ба сафи мамлакатҳои мутараққӣ даромада, шаҳрвандонаш оромонаю осудаҳолона ва саодатмандона зиндагӣ доранд.

Ҳоло дар ҷаҳон муборизаҳои ғоявию сиёсӣ ва иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар ин раванд мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон барои ҳар як шахси бедордилу равшанфикр ва масъулиятшинос бояд дар мадди аввал истад. Мутаассифона, дар замони глобализатсия, ки ҷаҳонишавию куллигароӣ ҳам мегӯяндаш, чанд омили хатарзои бегонагон ва бегонапарастон тарҳрезӣ ва амаликардаистода кулли шаҳрвандони мамлакати моро ҳам ба изтиробу нигарониҳо овардааст. Барои ҷомаи амал пӯшонидани орзуҳои пучи худу амалӣ намудани марому мақсадҳои аҷнабиён гурӯҳе аз шаҳрвандони мамлакат фирефта шуда, ба гирдоби фалокат фурӯ рафтанашон аксариятро ба андеша ва тадбирҷӯиҳо водор намудааст.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо омили бадбахтиовар дар асоси Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳор эътироф намудааст, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз муқаддимаву ду боб ва чор банду 126 нишондод иборат аст.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд”,- фармуда шудааст дар муқаддимаи ин ҳуҷҷати зарурӣ. Мақсадҳои Стратегия аз ҷумла инҳо мебошанд:

– таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизм ва тундгароии ба терроризмбаранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;

– такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм;

– мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа;

– муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ;

Ҳар як инсони соҳибақл бояд бо мазмуну мӯҳтаво ва марому мақсади ин ҳуҷҷати муҳим ба хубӣ шинос шавад. Стартегия водор месозад, ки ҳамаи шаҳрвандон дар баробари парваридани орзуҳои шахсӣ бояд барои дар сарзамини орому осоишта бо хотири ҷамъу саодатмандона умр гузаронидан ҳиссаи худро гузоранд. Чунки шахси алоҳида ва ё як оилаи ҷудогона ҳеҷ гоҳ дар ҳолати ҷудоӣ аз ҷомеа хушбахтона ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Фард қатраест, ҷамъият дарёст. Агар дарё пок бошад, қатра ҳам пок ва агар дарё ифлос бошад, қатра ҳам ифлос хоҳад шуд.

Он шахсоне, ки ба тарғибот ва ваъдаҳои мубаллиғони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бовар кардаанд, бешубҳа хато кардаанд. Шояд хатогиашонро худ ҳам дониста бошанд, ки ягон кушандаи одами бегуноҳ шаҳид нест ва ин набарди бо мақсадҳои муайян давомкардаистода дар минтақаҳои ҷангзадаи дунё ҷиҳод ҳам нест. Ин ҷанг барои пур кардани кисаҳо ва хазинаҳои шахсонест, ки ба ҳалокат расидани кӯдакону модарону пирони барҷомонда ва одамони бегуноҳро аз дур тамошо доранд. Ва дар ин маврид ривояте ёдрас мекунем: замони зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) ҷавоне наздашон омад ва талаб кард, ки ба ҷиҳод меравам бароям дуо кунед. Паёмбар (с) гуфтанд, ки дуоро аз падару модарат бигир, дуои онҳо дар ҳаққи фарзанд мустаҷоб хоҳад шуд. Ҷавон падар надоштааст ва гуфт, модаре дорам, пиру оҷизу нотавон ва ҳатто даст ба дуо бардоштан натавонад. Ҳазрати Муҳаммад (с) озурдахотир шуда изҳор карданд, ки ту бояд хизмати модари пиру оҷизу нотавонатро ба иҷро расонӣ, барои ту ҷиҳоди акбар ҳамон хизмати модар аст. Агар модарат дуои нек кунад, фардо дар сафи шаҳидон қарор гирифта, дари ҷаннат ба рӯят боз хоҳад шуд.

Агар ҳамон ҷавони фирефташуда, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест ва ё зери тирборону гулӯлаборон ва дар дами ҳалокат қарор дорад, дар вақташ андеша менамуд, шояд имрӯз ба ин ҳолат гирифтор нашуда, дар лабон табассум назди падару модар ва ё маҳбубааш менишаст ва ё бо умед ниҳоле мешинонд ва ё китобе мехонду хиште боумед рӯи хишти дигар мегузошт ва ё ба касе дасти ёрӣ дароз мекард.

Боре бо муаллими собиқадоре дар боби таълиму тарбия суҳбат кардем. Пурсиданд, ки дар мактаб хонандагонро бо кадом усул тарбия мекунед? Посух додам, ки ҳар устод роҳу равиши тарбия кардани шогирди худро дорад ва мо аксар бо насиҳат наврасу ҷавонро ба роҳи нек даъват месозем.

– Агар фақат бо як насиҳат тарбия шавад, ба мақсад расидан душвор аст.

– Чӣ хел? -ҳайрон шуда пурсидам.

– Бо насиҳати холӣ тарбия кардани насли наврас он қадар мувофиқи мақсад нест. Бояд ҳар як омӯзгор худ намунаи ибрати шогирдаш бошад. Дар муомилаю муносибат, одамгарӣ, меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ мо ба хонанда бояд намунаи ибрат бошем. Он гоҳ онҳо аз қафои мо хоҳанд рафт. Ҳақанд ин суханон!

Мо метавонем, алайҳи терроризму ифротгароӣ мубориза барем ва зафар ёбем. Чунки тоҷикон аз аввал дунёро бо илму маърифату дурдонаҳои сухани ноб тасхир намудаанд. Омӯзиш ва иҷрои нишондодҳои Стартегия ба ҳамагон дахл дорад ва дар ин таълифот нуктаҳоеро таъкид намудем, ки ба зодмандон ва омӯзгорон дахл доранд. Бори дигар гуфтан лозим аст, ки омӯхтани маънию мӯҳтаво ва марому мақсади ин ҳуҷҷати муҳим ва иҷрои он ба нафъи аҳли ҷомеа аст. Ояндаи тинҷу орому неку дурахшон ба ҳамфикрӣ, муттаҳидӣ ва масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд вобаста мебошад ва дар иҷрои ин амали хайр ваҳдати ҳамагон зарур аст. Он гоҳ марому мақсад ва амалҳои неки аҳли ҷомеа ба неруи муқтадиру шикастнопазире табдил хоҳад ёфт ва ин мори дусар ба нестӣ хоҳад расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code