Одами босавод ватандӯст мешавад
Ховари Миёна чун минтақаи доғ бо даргириҳои шадид рӯ ба рӯст. Амалиёти зиддитеррористиву экстремистӣ дар сарзамини Ироқу Сурия идома дорад, вале бисёриҳо барои аз байн бурдани террористон шак пайдо карда истодаанд. Вобаста ба ин имрӯз тамоми ҷаҳон алайҳи ин вабои аср бо роҳҳои гуногун мубориза мебаранд, ки яке аз онҳо тарғиби бештари арзишҳои таърихӣ, тамаддун, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат ва амсоли инҳо мебошад. Инчунин зиёд таъкид мегардад, ки агар ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа алалхусус ҷавонон боло равад, терроризму таассуб худ аз худ шикаст мехурад. Дар ҳамин ҳол назари коршиносонро пурсон шудем, то дақиқ шавад, ки воқеан ҳам метавонад тарғиби ватандӯстӣ пеши терроризмро бигирад. Чаро ки имрӯз сар карда аз телевизиону мтбуот ва ҳама шохаҳои таблиғотӣ тарғиби ватандӯстӣ мекунанд, вале терроризм ҳанӯз ҷомеаҳоро зери хатар қарор додааст.
Сайфулло Сафаров, му¬овини якуми раиси Мар¬кази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар мегӯяд, бо фарқ аз бисёр мафҳумҳо ватандӯстӣ ягон ҷиҳати манфӣ надорад. Вале қувваҳои бадкору истилогар ё душманони истиқлолияти милливу давлатӣ мета¬вонанд ба он бо назари таҳқир нигоҳ кунанд, онро мазоҳу масхара намоянд ва қувваи муттаҳидкунанда ва муқовиматкунандаи онро но¬дида бигиранд. “Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеи вайронкорӣ, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷои Ватан аст. Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопази¬ри миллат табдил ёбад. Касе, ки дар Тоҷикистон ватандӯст буд, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекард. Касе ватандӯст нест, ҳоло ҳам, ки тамоми шаро¬ит барои зиндагии шоиста муҳайё гаштааст, аз худ ва Ва¬тан норозӣ буда, туъмаи осо¬ни террористону тундгароён аст. Ӯ калаванда ва бемавқеъ буда, дар ҳар лаҳза метаво¬над ватанро ба пул ё имтиёзи ночизе фурӯшад. Лекин касе, ки Ватани худро дӯст медо¬рад, ҳатто берун аз Ватан бо ёди Ватан ва хоҳиши хизмат ба он зиндагӣ мекунад”, – аф-зуд С. Сафаров.
Номбурда изҳор дошт, ки дар муқобили терро¬ризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида ягон қувваи дигареро намедо¬нем. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ворид¬шавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таъриху фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии де¬мокративу дунявӣ, пойдо¬рии сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро пеши эҳсоси бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли илм ва маъ¬рифат гирифта метавонад. Барои ин ватандӯстиро ба меҳвари мафкураи худ таб¬дил доданамон зарур аст, то аз терроризм ҷилавгирӣ на¬моем.
Аҳтам Абдуллозода, раи¬си Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба масъалаи ватандӯстӣ ва гирифтани пеши роҳи терроризм ва ифротгароӣ чунин таъкид дошт: “Ба хотири он ки мо як давлати милливу дунявиро дар фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оянда комёб намоем, пеш аз ҳама, дар тамоми қишрҳои ҷомеа бештари вақт дар бораи арзишҳои миллӣ ва зиндагисолори кишварамон бояд ҳарф за¬нем. Ҳамзамон, ба қадри файзу баракати ваҳдату истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлатдорӣ, миллию диниро дарк на¬мудан, симои миллии худро доштан, талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносию ҳувияти миллӣ, озодию ободии Ва¬тани аҷдодӣ, ки мафҳумҳои тозаи сиёсию маънавианд, ҳам масъулияту шараф ва ҳам қарзи виҷдонию имонӣ ва фарзандии ҳамватанони азизи мо”.
Аммо журналист Раҷаби Мирзо андешаи дигар до¬рад. Ӯ мегӯяд: “Борҳо таъкид кардаам, ки дар дунё терро¬ризм вуҷуд надорад, балки хадамоти махсусе ҳаст. Ин ба он маънист, ки терро¬ризм дар асри ҷаҳонишавӣ аслиҳаи бисёр ҳадафноки абарқудратҳост, ки ба васи¬лаи он мақсадҳои геополи¬тикиву геостратегии худро роҳандозӣ мекунанд. Дар ин амал барои онҳо насли бесаводу бефаросат бози¬чаи хубест. Бубинед, як ода¬ми бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаашро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, ӯ мисли “зомбӣ” аст, ки имкони фикр кардан надорад. Танҳо бе¬фаросатона дастур иҷро ме¬кунад. Агар дастур аст, пас фармоишгар дорад, агар фармоиш ҳаст, пас ҳадафнок сурат мегирад… Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ҳам ҳаст ва на танҳо арзишҳои миллии ху¬дро эҳтиром мекунад, балки ба фарҳанги дигарон ҳам арҷ мегузорад. Хулоса, тар¬бияи як насли босавод, ки ватандӯст ҳам ҳаст, ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист”.
Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода ме¬шаванд ва боиси ҳалокати ваҳшиёнаи ҳазорҳо кӯдакони бегуноҳ, пиро¬ни барҷомондаву занону духтарони ҷавон мегар¬данд, талаб мекунад, ки дар ҳар кишвар ҷомеаҳо бояд барои саводнок кардани шаҳрвандонашон сахт талош варзанд. Зеро то ҷамъият аз вартаи ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму иф¬ротгароиву вайронкорӣ бе¬самар аст.
“Меҳри Ватан аз шадид¬тарин алоқаҳо ва хурӯши эҳсосоти инсонӣ аст, ки дар қалби огаҳон ҷой гӯзидааст. Аз ин ҷост, ки бо дарди Ватан ватангаро бояд буд. Таъри¬хи асолату ҳувияти миллати муборизи тоҷик ва ниёкони он ва заҳру дарду ғаму марг чашиданҳо ба хотири дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ, забо¬ну фарҳанг ва диёнаташон. Таърих собит намуда, ки аз ин пас ҳеҷ душмане қодир ба нобуд сохтани тоҷикон нест, агар мо дар ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии миллат та¬лош варзем”, – иброз дошт Т. Ғозиев, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давла¬тии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров.
Хушдил Раҳимҷонов, ҳамсуҳбати дигарамон мегӯяд: “Ба назари ман, ғояҳои ростини ватандӯстӣ метавонанд пеши роҳи га¬равиш ба ҷараёнҳои ифротӣ ва терроризму экстремизм¬ро бигиранд. Вақте ғояҳои ростини ватандӯстӣ мегӯем, бояд пеш аз ҳама, ба он бо¬вар ва садоқат дошта бошем, то тавонем, ба таври мушах¬хас бо мисолҳои мушаххас ба наврасон фаҳмонем, то онҳо бо чунин рӯҳияи солим ба воя расанд”.
Воқеан ба назар мерасад, ки наврасону ҷавонони мо бар асари таҳаввулоти ази¬ми иқтисодиву иттилоитиву фарҳангии глобалӣ аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, рӯҳия, ментали¬тет, фарҳанги рӯзгор бо суръ¬ат дигар шуда истодаанд ва ин ҳангоми таҳияи барномаи нави давлатӣ оид ба ҷавонон бояд ба назар гирифта шавад. Беҳтар мебуд, ки масъуло¬ни соҳа дар мавриди беҳбуд бахшидани инфраструкту¬раи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ татбиқи сиёсат оид ба ҷавонон ҷиддан фикр ку¬нанд. Аксар ба назар мера¬сад, ки дар раванди тарбияи ҷавонон ҷойи холӣ пайдо мешавад ва ин ҷойҳо хеле зуд аз ҷониби андешаҳои ғайр ва бегона пур мегардад. Ҳоло бояд тамоми кӯшиши масъулони соҳаи ҷавонон ва мақомоти дигари давлатӣ ба ташаккули идеологияи ватанпарастӣ равона кар¬да шавад. Вале дар назар бояд гирифт, ки ватандӯстӣ бояд дар амал сурат биги¬рад, вагарна бо суханбозиву суханбофӣ наметавон ба ҷое расид. Дар ин бобат беҳтарин намуна гуфтаҳо, навиштаҳо, таъкидҳо, кӯшишу талошҳои амалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд, ки ниҳодҳои масъ¬ул бояд дастури кори худ қарор диҳанд.