Дар чахони мутамаддин мунтазам ходисаву воќеахое рўй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини Ислом дар назди чомеаи башари мебошад. Хамзамон хар коре, ки чихати паст намудани сатхи маънавиёти чомеа ва бархам задании субботу ороми анчом дода мешавад, аз тариќи сўистифода аз боварихои динии мардум рохандози мегардад. Чунин аъмол аслан кори дасти гуруххоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриќаангезїи миёни мардум ва яроќи асоси бар зидди худи мусалмонхо кардаанд. Яке аз чунин гурўххое, ки дахсолахо фазои идеологии Точикистонро олуда сохта, кўшиш дорад вахдати комилро аз миёни мардум бардорад, ХНИТ мебошад.

Пас аз имзои созишномаи сулх ва ризоияти милли миёни хукумати Точикистон ва Иттиходи нерўхои опозитсиони Точикистон (ИНОТ) дар миёни хазорон рахгумзадагон гунохи аъзоёни ХНИТ хам вобаста ба нооромихо ва ќатлу куштори ваќт бахшида шуданд. Хукумат ва мардуми кишвар умед доштанд, ки ин хама ранчу азоби солхои чанги шахрванди, ѓарибиву талафоти моливу чони ба рохбарияти ХНИТ дарси ибрат гардида, эшон минбаъд танхо дар рохи ободиву осудаги, сулху вахдат ва созандаги мекўшанд. Аммо мутаасифона ХНИТ ба ин хама хусни ният ва некандешихо сазовор гашта натавонист.

Имрўз ХНИТ кўшиш мекунад худро як тарафи сулх нишон дихад ва ба ин васила воќеияти таърихиро ба манфиати худ тахрир созад. Аммо хушбахтона хотираи таърихии миллати точик ќави аст. Хама медонанд, ки як чониби сулх ИНОТ буд на ХНИТ ва чунин берўгии сиёсие, ки аз чониби ХНИТ сурат мегирад воќеан шармовар аст. Имрўз аъзои рохбарияти ХНИТ-ро бо яроќ дастгир мекунанд, аммо барои эшон ин чизи маъмули ва барои кадом як рўзи «мабодо» аст. Шояд эшон боз наќшаи ноором сохтани кишварро дар сар доранд? Рохбарият ва аъзоёни фаъоли ин хизб ќахрамони филмхои ѓайриахлоќи ва намунаи амалхои ѓайриинсони гаштаанд, вале эшон шарм надошта хамвора худро дохии аќидахои исломи муаррифї мекунанд. Дар хамин радиф агар маќомот дар асоси ќонун кадоме аз аъзоёни ќонуншикани ХНИТ-ро боздошт кунад ба чойи ислохи камбуди хатман онро фишори сиёси меноманд. Чанде пеш бо ќарори суди иќтисодии шахри Душанбе бар асоси пешниходу тавсияи Прокуратураи генералии кишвар дафтари кории марказии ХНИТ, воќеъ дар кўчаи Борбади пойтахт мухр зада шуд. Гап сари муваќќатан аз чониби Суди иќтисодии Точикистон бастани ќароргохи марказии ХНИТ меравад. Ин чо хам нахзатиён ба чойи ба талаботи ќонун чавобгў кардани фаъолияти дафтардории худ кўшиш доранд ичрои хукми ќонунро ба кадом як амалиёти «антинахзат» рабт диханд. Мутаасифона, имрўзхо барои ХНИТ тамоми ќонунхои кишвар, ки дар асоси принсипхои асосии умумибашари тартиб дода шудаанд «антинахзат» мебошад.

Аммо бадтарин холат ин аст, ки мутаасифона, имрўз ХНИТ ба як василаи фишанги сиёсии хоричиён болои Точикистон гаштааст ва хеле таассуф мехўрем, ки холо хам хастанд чавононе, ки фирефтаи найрангхои ин тоифа гашта бо аъзоги ба он худро дар рохи хиёнат ба ватану миллат шарик сохта истодаанд. Имрўз ХНИТ ба як бозичаи дасти дигарон дар сахнаи сиёсии Точикистон табдил ёфта, аз ватандўстиву миллатпарастии он танхо суханхои хушку холи боќи мондаанд. ХНИТ бо мурочиат намуданаш бо созмонхои хоричи ва дар симои онхо чустани такягохи сиёси бори дигар хиёнат кардани худро ба арзишхои олии ватандорї на танњо барои мо, балки барои тамоми оламиён собит сохт. Ин аст, ки бо дарки амалњои хоинонаи ин њизб имрўз чавонмардони ватандўсти точик даста-даста сафи ин хизби тафриќаангезро тарк карда истодаанд. Сафи хизбе, ки дар тўли таърихи фаъолияташ ягон кори неке ба мардум накард. Баръакс, хуни хазорон чавони точик дар гарданаш буда, замони чанги шахрванди дасти хоричиёнро барои анчом додани точиккушии саросари дар минтаќахои алохидаи Точикистони тозаистиќлол боз карда буд. Аммо ягон бор ин хизб дар назди миллат барои ин генотсид хатто узр напурсидааст ва дар мачмуъ ин вазъият мутаассифона то хануз таърихан бахои воќеии худро нагирифтааст.

ХНИТ бо чунин фехристи «корнамоихо» ба чойи он ки дили мардумро ба даст орад, аз боварихои динии халќ суистифода мекунад, ки ин аз зумраи хиёнатхои имонист. ХНИТ бошад мисле, ки барои хиёнат офарида шудааст, ба давлат хиёнат карда, чанде пеш дахолати хоричиёнро ба сиёсати дохилии Точикистон таќозо кард, ки ин доѓро хеч гох ягон бахонаву хиллахои шаръиву сиёсии рохбарияти олии он аз рўи ин хизб шуста наметавонад. Ба мазмуни мантиќии мурочиатномаи ХНИТ назар афканем, ин хизб амалан аз хочагони хоричии худ таќозо кардааст, ки эшон ба хукумати Точикистон фишор оранд, то хукумат аз мардум таќозои эътиќод ба ХНИТ-ро кунанд. Ин маънои онро дорад, ки агар ХНИТ имкон меёфт бо маќсади ба сари ќудрат расидан лашкари бегонаро вориди ватани мо мекард. Агар он амалу рафтореро, ки ин хизб тавассути васоити ахбори оммаи худу хампаймонхояш анчом дода истодааст, тахлил кунем, эшон кўшиш доранд шахрвандони кишвар ва дигар давлатхои мусалмоннишинро бо сўистифода аз номи Ислом дар муќобилияти маънави бо хукумати конститутсионии Точикистон ќарор диханд.

Эшон мехоњанд таърихи талхи гузаштаи миллати точикро такрор кунанд, таърихе, ки чунин миллатфурўшон дарвозаро ба рўи душманон кушоданд ва бо хамин миллати точик хазор сол дар зиллату ѓуломи буд.

Аммо ХНИТ донад, ки миллати точик аз он таљрибахои талх ибрат гирифтааст ва миллати точикро фирефта сохта дигарбора ѓулом кардан мумкин нест. Чунки ин миллат дигар ѓулом будан намехохад. Ин миллат хамакнун мехохад ба асолати миллии худ баргардад ва шукўхи давлатдории ниёгонро барќарор созад. Асри 21 ба рўи миллати точик сахифаи нави таърихиро боз кард, сахифае, ки шахсиятхои ватандўст онро бо садоќати худ шукўхманд хоханд кард. Агар ХНИТ ѓуломии ин миллатро мехохад, пас барои ў дигар дар ин сарзамин чой нест.

Ашуров Абдулло
омузгор

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code