ДАР ПАРТАВИ СУХАНРОНИҲОИ АЪЗОИ СИТОДИ БАЙНИИДОРАВИИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ, АМНИЯТИ ШАҲРВАНДОН ВА БЕХАТАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Бадахшон қисми таркибии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи стратегии он маҳсуб шуда, бо кишвари ҳамҷавор ва ноамни Афғонистон ҳаммарз аст. Сарзамини мазкур дорои захираҳои бузурги зеҳниву гидроэнергетикӣ ва мавзеи ҷаҳонгардиву сайёҳӣ мебошад. Нерўи зеҳнии ин қаламравро шоирону олимон, нависандагону арбобони сиёсӣ ва донишмандону пизишкон ташкил медињанд. Бадахшон, “дарвозаи тиллои Тоҷикистон” дар сурати маблағгузорӣ ҷиҳати сохта ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ метавонад ба пешрафти иќтисодиёти Тоҷикистони биҳиштосо мусоидат намояд. Дар ин сурат бойгариҳои зеризаминї, ки ҳоло иктишоф ва истихроҷи онҳо шуруъ нашудааст, ҳамчун манбаи ашёи хом мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Чун сармоя мавҷуд ва сулҳу субот устувор аст, Бадахшон метавонад дар ғанигардонии буҷети давлатӣ низ саҳм гирад. Сониян, амнияти Тоҷикистон ба ҳимояи 1400 километр сарҳади ин минтақа вобастагии қавӣ дорад. Мутаассифона, ҳамин ҷойгоҳи вижаи ҷуғрофӣ дар гардиши маводи мухаддир, воридоти силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва тиҷорати анвои мухталифи силоҳи оташфишон дар минтақа таъсиргузор шудааст. Далели ин нукот истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби афроди таҳҷоӣ (сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон) дар баҳсҳои маишӣ ва “разборка”-ҳои кӯчагӣ мебошад, ки бар асари он ашхоси бегуноҳ ба шаҳодат мерасанд. Аз сӯи дигар бо сар задани чунин бетартибиҳо аҳолии дигари навоҳии Бадахшон дар назди соҳибватанон озори маънавӣ мебинанд. Махсусан, вазъи ду даҳсолаи охири шаҳри Хоруғ ба назари мо манзараҳои филмҳои криминалии “Элчапо” ва “Нарко”-ро мемонанд. Суоли матраҳ ин аст, ки Шумо сокинони муҳтарам ва ҳимматбаланди шаҳри Хоруғ магар хостори табдили шаҳри Хоруғ ба Колумбия охирҳои солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта мебошед? Пас агар чунин набошад, мо зодагони Бадахшони маскуни ноҳияи Данғара аз Шумо сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон даъват ба амал меорем, ки бетарафиро ихтиёр накарда, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, алайҳи ин ҳама зӯровариҳо, бетартибиҳо ва қонуншиканиҳо муборизаи беамон баред.

Халқи миннатдору мамнуни Тоҷикистони маҳбуб, аз ҷумла маскунони Бадахшон имрӯзҳо шукрона аз сулҳу ваҳдати пойдор намуда, таҳти таассуроти неку фараҳманд қарор доранд. Тибқи омори расмӣ 58-умин боздиди Пешвои миллат бо мардуми меҳнатшиори Бадахшон поён ёфт. Назар ба қавли ашхоси куҳансолу солдида роҳбарони замони шӯравӣ ба кӯҳистони Бадахшон ба сафар хидматӣ хеле кам меомаданд ё умуман намеомаданд. Воқеан ҳам ҳар як дақиқа, ҳар як соат ва ҳар як рӯзи сафари пурманфиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои пешрафти соҳоти иҷтимоъ, иқтисод, фарҳанг, таҳкими амният ва куллан баҳри хушбахтӣ, некрӯзӣ ва ободии Бадахшони ба ҷон баробари мо метавон муҳим арзёбӣ намуд. Ҳар як қадаме, ки ин абармарди накукор ба хоки поки ин диёр ниҳод пур аз меҳру садоқат буд. Ин маротиб барои мардуми шаҳри Хоруғ мавриди истифода додани бинои маъмурии раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ; барои мардуми ноҳияи Ванҷ кушода ва ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, ифтитоҳи қасри фарҳанг, бинои маъмурии шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия; барои мардуми диёри бостонии Дарвоз ифтитоҳи бинои навбунёди шуъбаи маорифи ноҳия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, ифтитоҳи сутунпояҳои Парчами давлатӣ ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; барои ноҳияи Роштқалъа кушодани беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳӣ, ҳамчунин гузоштани санги асос ба ду бинои панҷошёнаи дорои бисту панҷ ҳуҷра; барои мардуми ноҳияи дурдастарину баландкӯҳи Мурғоб мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Неругоҳи барқии обии хурди “Тоҷикистон” метавон аз ҷумлаи армуғони навбатӣ рақам зад. Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорӣ, хизматҳои арзанда, беназир ва бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо мардуми бананги Бадахшон, аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон чӣ кореро анҷом додем, саволест беҷавоб.
Мо зодагони бадахшонии муқими ноҳия Данғара ба ҳар сокини вилоят, аз ҷумла бошандагони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон муроҷиат намуда, талаби қотеъи онро дорем, ки дар пок намудани унсурҳои ҷиноӣ ва пойдории сулҳу осоиш дар ватани азизамон саъю кӯшиш намоед. Он силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, ба кормандони мақомотҳои қудратӣ ихтиёран супорида шаванд. Дар Бадахшон ҳеҷ як нафар аз миёни мардуми оддӣ ба силоҳи оташфишон ниёз надошт ва надорад, зеро силоҳ ба сари мардум танҳо мусибат ва ғаму андуҳ меоранд. Шумо бошандагони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон аз мақомоти қудратӣ дигар чӣ мехоҳед? Мақомоти қудратӣ имтинон додаанд, ки аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбат ба сокинон амалиёти ҷангӣ гузаронида намешавад. Танҳо аз мардум дархост шудааст, ки дар тарбияти фарзандони худ масъул шаванд ва нагузоранд, ки онҳо ба ягон гурўҳи ҷиноӣ шомил гарданд. Такроран таъкид менамоем, дар чунин фурсати ҳассос набояд зиракиро аз даст дод. Баръакс барои дастгир кардан ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят дастаҷамъона амал бояд кард.
Мо зодагони бадахшонии муқими ноҳия Данғара хостори пойдории сулҳу оромӣ дар Бадахшон мебошем. Ба Шумо саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии шаҳри Хоруғ – Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев муроҷиат намуда, супоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ дар ихтиёр доред, хоҳонем. Дар акси ҳол дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир ба роҳ монда мешавад, ки аз ин халқи таҳҷоӣ азият мекашад. Чаро Шумо ба ном лидерони ғайрирасмии Бадахшон волоияти қонунро таъмин намекунед? Чаро Шумо силоҳу аслиҳаи худро намесупоред? Ташкили “сходка” ё “нишасти хоси ҷинояткорон” аз љониби Шумо дар маҳаллаву тарабхона, ошхона ва толорҳои варзишии шаҳр чӣ маъно дорад? Чаро ақшори рӯшанфикр ва зиёии Бадахшон муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд? Ин ҳама саволҳо дар назди ашхоси солимфикри ҷомеа посух мехоҳанд. Дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ мехонем, ки бетартибҳо пас аз боздошти ду ҷавони бадахшонӣ ва дифои ҳуқуқ ва манофеи онҳо дар назди раиси вилоят маншаъ гирифта бошад. Бигзор чунин бошад. Аммо кӣ ба Толиб Айёмбеков ҳуқуқ додааст, ки аз тариқи зӯроварӣ сарнавишти ду маҳбусро бо раиси вилоят, ки аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдути миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар таъйин шудааст, матраҳ намояд. Ин маҳбусон, Умед Шосулаймонови 38-сола ҳамон нафаре нест, ки соли 2012-ум дар пайи амалиёти боздошти гумонбарони куштори Абдулло Назаров, собиқ сардори кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят барои итоат накардан ба мақомоти интизомӣ боздошт шуда буд? Зиндонии дигар Бобиш Одилов нафаре нест, ки додгоҳ барои қочоқи маводи мухаддир ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Бародарон биёед аз ақли солим кор гиред.
Мо зодагони бадахшонии муқими ноҳияи Данғара мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва халъи силоҳҳои ғайриқонуниро комилан дастгирӣ мекунем, чун таъсири мустақим ба амнияти минтақа ва дар умум ба Тоҷикистон дорад. Дар масъалаи халъи силоҳ ба даст овардани эътимоди мардумро салоҳ медонем. Дар охир бошандагони вилоятро ба шукургузорӣ аз ваҳдату сулҳу оромӣ даъват мекунем.

Д.С.Қодиров – н.и.ф., декани факултети лингвистика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ;
Ҳ.Ҳ.Пиров – н.и.ф.-м., мудири кафедраи математикаи олӣ ва моделсозии соҳавӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code