Барои сомонаҳои ифротии наҳзатӣ миллат ва халқу ватан арзише надоранд. Онҳо аз ин истилоҳот танҳо барои ба ҳадаф расидан суйистифода мекунанду халос ва кушиш мекунанд, ки бо туҳмату буҳтон давлату миллатро сиёҳ кунанд. Ба ин мазмун, мехоҳам ба матлаби М. Садриддин, ки бо музахрафоте худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доимо реклама мекунад, иҷмолан посух бидиҳам. Матлаб дар ҳошияи конфронси ахиран баргузоршудаи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе навишта шудааст. Инак, посухи мо:
1.Муҳамадиқболи Садриддин бо овардани асноду далели шаръӣ аз Қуръону ҳадис худро мутадайини ростин вонамуд мекунад ва ба гулзании хонанда мепардозад. Ин одати ҳамешагии хурофотиёни мазҳабист ва ҳамчунин вижагии ҳувиятии М. Садриддин. Гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористии мазҳабӣ, ки аз номи ислом баромад карда, ба қатли бегуноҳҳон сари кор мегиранд, далелҳои куштору тарсафканиашонро бар мабнои сарчашмаҳои исломӣ меоваранд. Ба ин чӣ мегӯед, чаноби М. Садриддин? Агар шумо, ки худро муъмини ростин ва мусулмони яқин медонед, ба сарчашмаҳои фикрӣ ва идеологии созмонҳои террористии исломӣ таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки кулли амалкардҳояшонро, ки мунҷар ба қатлу куштори ҳазорон-ҳазор нафари бегуноҳ мегарданд, бар асоси далоили шаръӣ истинбот мекунанд. Бинобар ин, овардани мисолҳо аз Қуръон ҳоло далел шуда наметавонад, ки террористони мазҳабӣ бидуни поя ва мадраки исломӣ инфиҷор анҷом медиҳанд ва одам мекушанд.
2. Дар асоси кадом мадорики илмӣ ва фаннӣ шумо хулоса мекунед, ки наҳзатиҳо ба ягон хушунат даст назадаанд. Албатта, далоили шумо ҳамагӣ аз порае эҳсосоту тасаввурот маншаъ мегиранд. Худи хурофоту таассубе, ки илму дониши шумо бар он устувор аст ва доир ба ҳар масъалае бар мабнои хушкандешии мазҳабӣ қазоват мекунед, маънои онро дорад, ки масири ҳаракататон ақлонӣ ва мантиқӣ нест. Ин аст, ки ҳарфҳои шумо дар ҳар шакле рӯҳияи хурофотӣ, ифротӣ ва таассубии шуморо бозгӯ менамояд.
3.Азбаски шумо, Муҳаммадиқболи Садриддин аз илму дониши зинда ва воқеӣ бӯ набурдаед ва бӯ бурданро ҳам ба худ ҷоиз намедонед, мафҳуми террор ва даҳшатафканиро танҳо дар доираи ақлу фаҳми ноқиси худ шарҳу тавзеҳ медиҳед ва болотар аз бинишу дониши худро, аслан қабул надоред. Аз ин ҷост, ки ба домони Ҳукумат мечаспед ва тамоми фисқу фуҷури терроризми диниро, ки мисоли равшанашро дар шахсият ва ҳарфҳои муддаиёнаи худи шумо дидан мумкин аст, бебаркаш бар гардани дигарон (манзур роҳбарияти олии Ҳукумат) мезанед. Албатта, бо ин роҳ зеҳни ноқиси худро тасалло медиҳед ва бо ин навъ ҳазёнот гӯиё бар Ҳукумат пирӯз мешавед. Ин кори шумост, вале дигаронро ҳам ба ин навъи беморӣ мубтало накунед ва бигзоред, мардум истиқлоли фикрӣ ва сиёсӣ дошта бошанд. Зимнан, шумо ва ҳаммаслаконатон аз истиқлоли фикрӣ ва сиёсӣ метарсед, чаро ки мустақилияти сиёсӣ, фикрӣ, эҷодӣ, илмӣ ва фаннӣ ҷомеаро аз гирдоби хурофоту таассуби мазҳабӣ наҷот мебахшад ва мутмаинан, раҳоии мардум аз ҷаҳолати динӣ-мазҳабӣ бар манфиати шумо нест. Аз ин лиҳоз, бо тамоми ҷон мекӯшед, ки як мушт хурофоту таассуби худро бар гардани мардум бор кунед ва роҳи худогоҳию худшиносиро барбандед. Шумо аз ошкор шудани симои воқеии худ ва ҳаммаслаконатон чун аҷал метарсед.
4.Вақте ки муаллифи матлаб дар бораи Роҳбари давлат сухан мегӯяд, дилаш аз бухлу кинатӯзӣ ва нотавонбинию кӯчакӣ ба дард меояд ва ба қавли шоир, «дуди оҳаш ҳалқа бар осмон мезанад». Бале, бо оташи қаҳру ғазаб сангпартоӣ мекунад ва намедонад, чӣ мегӯяд. Баргузор гардидани Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки бо дастгирии САҲА ва СММ дар Кохи «Сомон» сурат гирифт, оташи ғазаби муаллифро дучандон кард ва аз қаҳр дандон хоида, бо ҳарфҳои носазо ғазабашро фурӯ нишонд. Дигар ин ки мизбон будан дар конфронси байналмилалӣ, ки ба масъалаи терроризми байналмилалӣ ихтисос ёфтааст, ифтихор аст, ба ин маъно, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ саъю талошҳо, иқдомоту ташаббусот ва мушорикати бевоситаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пазируфта, дар айни замон, ин чорабинии сатҳи ҷаҳониро маҳз дар ин минтақа гузаронидаанд. Аммо ин муваффақият ба мухолифони сарсахти давлат намефорад ва аз бухлу нотавонбинӣ даст ба интиқоди муғризона мезананд ва бо ин роҳ Ҳукуматро бадном сохтан мехоҳанд. Вале, ба қавли мардумӣ, «бо дуои кӯрмуш борон намеборад». Инро як умр дар гӯш нигоҳ доред.
5. Нозукона ба торҳои эҳсоси мазҳабии мардуми мусулмон нохун задани муаллифи матлаб бесабаб нест. Ӯ ва ҳаммаслаконаш, ки дар хориҷ фирорӣ буда, аз як мушт хурофотӣ беш нестанд, ҳамеша худро сафед мекунанд ва дар даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта муқассир намедонанд. Бар илова, онҳо дар симои «Фронти халқӣ», ки кайҳо аз байн рафтааст, ба Ҳукумат ҳамлавар мешаванд ва ҳеҷ гоҳ намегӯянд, ки Фронти халқӣ баъди девонабозию кушторҳои ТЭТ ҲНИТ рӯйи кор омад ва дар баробари мазҳабзадагон қад алам намуд. Вуҷуд ва ҳузури Фронти халқӣ, ки аслан, дар баробари бедодгариҳои ТЭТ ҲНИТ созмон ёфта буд, барои наҳзат ва мутаассибини исломӣ дардисарсоз буд ва барои он ки изи худро аз саҳнаи бозиҳои сиёсии солҳои навадум бардоранд, ба Фронти халқӣ сахт мечаспанд ва тамоми бадбахтиҳои миллию ватаниро бар гардани он таҳмил менамоянд. Ин аст формулаи асосии наҳзатиёни фирорӣ. Агар бовар надоред, ба навиштаҳои онон дар расонаҳо мутаваҷҷеҳ шавед, дармеёбед, ки ба Фронти халқӣ чӣ гуна ҳассосият доранд. Ҳамин гуна ҳассосиятро дар шахсияти М. Садриддин ҳам метавон мушоҳида кард, чунки аз хурофоту таассуби мазҳабӣ як қадам берун рафта наметавонад. Ба ин ҳақ ҳам надорад, доираи танги тафаккури ифротии мазҳабӣ иҷозаташ намедиҳад, ки фаротар биравад. Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки ТЭТ ҲНИТ, чи дар гузашта ва чи имрӯз аз берун сармоягузорӣ мешуду мешавад ва хамчун як бозичаи хадамоти махсуси хоричии Чумхурии Исломии Ирон истифода бурда шудааст ва шуда истодааст. Дар маҷмӯъ, исломи сиёсӣ ва радикалӣ дар сад соли ахир ба бизнеси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфта, аз он ҳамчун абзори сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ кор гирифта мешавад. Агар чунин нест, пас чӣ гуна Муҳаммадиқболи Садриддин, ки баданаи фикрию сиёсиаш аз чанд пора андешаи хушку холӣ таркиб ёфтааст, дар хориҷ тавассути расонаҳо бо тамоми қувват валвалаю ғулғула меандозад ва ягон созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, ки бо терроризму экстремизм мубориза мебарад, аз ин қабил ашхос интиқод намекунад ва ҷою мақомашро нишон намедиҳад. Воқеият ин аст, ки чунин нафарони ифротӣ барои доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳои хориҷӣ заруранд ва ба василаи онҳо бозиҳои сиёсию геополитикии худро дар кишвари мо роҳандозӣ мекунанд.
6. Задани иттиҳомот ва аз ин тариқ худро расонаӣ кардан кори афроди мутаҳаҷҷир аст ва М. Садриддин бо хашингуфторӣ, лофзанӣ, ғаразгӯйӣ, авомфиребӣ, фазлфурӯшӣ, донотарошӣ бори дигар собит кард, ки аз тавонмандии Ҳукумат дар баробари муқовимат бо террористони амсоли ӯ ғашаш меояд ва худро дошта наметавонаду ҳарфҳои носазо мегӯяд. Бадбинӣ ва нафрат ғояи кори афроде аъзоёни ТТЭ ХНИТ мисли М.Садриддин аст. Ҷушиши ҳассосиятҳои наҳзатӣ боиси ошкор шудани симои воқеии хушкандешони онҳо мегардад. Хандадор аст, ки террористе дар симои М. Садриддин аз терроризм интиқод мекунад. Ӯ тавассути матолиби хашин ба террори фикрии ҷомеа машғул аст ва ҳар матлаберо, ки алайҳи хушкандешии ӯст, террористӣ мехонад. Воқеан, мардум бояд симои аслии ин тоифаро, ки зоҳиру ботини террористӣ доранд, бояд бишиносанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code