Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аҳзоби сиёсии кишвар, ҲНИТ ягона ҳизбе буд, ки аз рӯзи ташкилёбиаш ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо накарда, ба фано рафт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ТТЭ ҲНИТ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.
Мақсади ин ташкилоти экстремистӣ – террористӣ аз суст кардани амнияти мамлакат, ғасб ва аз худ намудани ҳокимияти давлатӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардондани фаъолияти террористӣ иборат буд.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз кишвар бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон, бо истифода аз ҳар гуна буҳтон ва суханони беасос ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Онҳо бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он экстремизму терроризмро мебинанд, ки мехостанд бо истифода аз иғво ва амалҳои тахрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
ҲНИТ то соли 2015 гарчанде ба таври қонунӣ фаъолият дошт, аммо зери ин парда ғаразҳои сиёсии худро амалӣ менамуд. Хушбахтона, фаъолияташ ба таври қонунӣ манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олӣ расман баста шуд. Санаде, ки фаъолияти онро манъ намуд, санади одилона ва қонунӣ буд. Сарпарастии хориҷиён, паноҳгоҳ додани онҳо ба саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо пешравӣ ва рушду ободии Ватани азизамонро дида наметавонанд.
Ин зуҳуроти хатарзо моро водор месозад, ки ҳушёриву худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва равандҳои замони муосирро хуб дарк ва фазои сулҳу ороми ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
Мутаассифона, имрӯзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст. Аз ин лиҳоз, аҳли ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки дар ҳамбастагӣ бар муқобили ин вабои аср муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки терроризм ва экстремизм ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра халал ворид созад ва ҷаҳонро ба арсаи ҷангу куштор табдил диҳад.
Бовари комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ мардуми сарбаланди тоҷик побанди ақидаҳои ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИТ ва ҳаммаслакони ӯ нахоҳанд шуд. Зеро барои миллати бофарҳанги мо терроризм ва экстремизм бегона аст. Кулли шаҳрвандони кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гул – гулшукуфии Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.

Абдуллоева Хосамо

корманди МИХД

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code