НАҲЗАТ ВА “ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ” – ДУ ҶОДАИ ЯК ПАЙМОН!

Нимаи дуюми рӯзи 15 августи соли равон, шаҳри Кобул – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таркиши мудҳишу ҷонхароше такон дод. Ин таркиш дар маркази таълимии «Мавъуд» ба вуқӯъ пайваст, ки садҳо наврасу кӯдак машғули омӯзишу таълим буданд. Инфиҷор боис ба марги 65 нафар донишомӯз ва захмию маҷрӯҳ шудани зиёда аз 70 нафари дигар гардид. Дар он аксаран наврасону ҷавононе ба қатл расиданд, ки барои талаби илму ирфон, донишу маърифат ва хату савод омада буданд. Яъне, ин нафарон барои иҷрои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом, ки талаби илм аст, аз манзилу кошонаҳои худ ба дар шуда, роҳи маркази «Мавъуд» – ро пеш гирифта, аснои иҷрои фарзи Илоҳӣ аз ҷониби нафароне, ки худро пайрави Худову Расул мешуморанд, ба таври ваҳшиёна қатл шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса, хонаву кошонаи волидони кушташудаҳо андуҳкада шуда, тарс дар тиннати зану мард ва наврасону кӯдакони афғон боз аланга гирифт. Ғолибан, ин амали даҳшатбор роҳҳоро барои омӯзишу таълим ва саводнок намудани наврасону ҷавонон боз ҳам масдуд хоҳад кард. Зеро дар шароити кунунии Афғонистон рафтан ба мактаб ва омӯзиши илму адаб ба маънои омодагӣ ба марг маҳсуб мешавад. Чунки ҳамасола дар мактабу дабистон ва донишгоҳҳо садҳо донишомӯзу донишҷӯ ба қатл мерасанд.
Инҷо суолҳое ба миён меояд, ки ҷурми ин наврасон чӣ буд? Гуноҳашон кадом аст? Оё ин наврасони доништалаб узви аҳзоби сиёсӣ буданд? Ё кадоме аз онҳо шомили гурӯҳҳои низомӣ буд? Оё пайвандии фирқаҳои ғайридинию ғайриисломӣ доштанд? Ҳаргиз не! Ҳамагӣ мусулмон ва фарзандони мардуми Афғонистон буданд. Пас, чаро онҳо кушта шуданд? Воқеияти замон нишон медиҳад, ки ягона гуноҳи ин кӯдакон одам будан аст ва қалам гирифтану инсонвор дониш омӯхтани онҳо боиси қатлу куштори ин бечорагон гардидааст. Дину мазҳаб иҷозаи таълими онҳоро додааст. Худову Расул омӯзишу таълимро ба онҳо фарз кардааст. Давлату қавонини байналмилалӣ хату саводро барои онҳо ҳатмӣ ва муҳим донистааст.
Баъд аз ин амали разилона фиғону нолаи пайвандону ақрабои ин шаҳидони маъсум бар ҷодаҳои хунини Кобул баланд шудаву фазои ин кишварро навҳаи фарзандгумкардаҳо фаро гирифтааст. Ҳатто аз як манзил ду нафар – хоҳару бародар дар ин таркиш кушта шудаанд, ки бузургтарин мусибат болои хонадони онҳост.
Дидани саҳнаҳои ин воқеа, воқеан даҳшату маҳзункунанда аст. Падару модарон ва пайвандони таълимгирандагон бо шунидани ин таркиш ҳамагӣ ба маркази омӯзишии «Мавъуд» ҳозир шуда, фарзандони худро суроғ мекунанд. Яке аз ҷавонон, ки баъд аз марги падари афсараш саробонии хонавода бар уҳдаи ӯ буд, аз растаҳои бозори Кобул ба макони таркиш ҳозир шуда, миёни ҷисмҳои беҷони донишомӯзон бо садои гиряолуд «Сабо, Сабо, ай хоҳари гулам, куҷоӣ?» гӯён садо мекунад. Дигаре «Амир, Амирҷон писари ҷигарбандам» гӯён ҷисми писараки хунолудаеро ба оғӯш кашида фиғону нола мекашад. Дигарон низ бо ҳар навъе фарзандону хоҳарон ва ё бародарони худро садо мекунанд. Аммо касе ба садои худ посух намеёбад. Танҳо аҷсоди хуфта ва олуда дар хоку хун миёни синфхонаҳои омӯзишгоҳ дида мешавад. Садои гӯшхарошу даҳшатбори мошинҳои ёрии таъҷилӣ, ки барои интиқоли маҷрӯҳон дар хиёбонҳои Кобул гардиш мекунанд тасвири дигаре аз ин воқеият аст.
Таркишу куштор дар пойтахти давлати Афғонистон дар ҳоле ба амал омад, ки яке аз минтақаҳои муҳиму стратегии он – шаҳри Ғазнӣ баъд аз набардҳои 5 рӯза аз панҷаи неруҳои даҳшатбори Толибон нав озод шудаву зиёда аз 200 нафар неруи низомии Афғонистон қурбон шуданд. Ин даҳшат ба анҷом нарасида, фоҷиаи «Мавъуд» ба амал омад, ки қалбҳоро андуҳзада кардааст.
Ҳоло масъулияти ин амалро гурӯҳи террористию ифротии ба ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст. Гурӯҳе, ки соли 2013 дар кишварҳои Ироқу Сурия аз мавҷудияти худ ба таври расмӣ хабар дода, ин кишварҳои ободу зеборо ба хоку хун пайваст ва ин сарзаминҳоро валангору харобазор намудааст.
Акнун суоли аслӣ ин аст, ки чаро ифротиён ва террористҳо ҳамеша зидди мактабу маориф амалҳои даҳшатбор анҷом дода, наврасону ҷавонони донишомӯзро ба қатл мерасонанд ва зидди таҳсили занону бонувон амал мекунанд? Ин дар ҳолест, ки ягон сарчашмаи динию мазҳабӣ таҳсилро манъ накардааст. Дар чунин ҳолат посухи мантиқӣ пайдо мешавад, ки гурӯҳҳои террористию ифротӣ ба он хотир пеши роҳи омӯзишу таълимро мегиранд, ки мардумро аз асли худ дур созанд, нури маърифатро пушти абри ҷаҳолат бибаранд ва аз ин тариқ болои афкори мардум ҳукмрон шуда, тафаккуру андешаи мардумро лаҷом зада, ба ихтиёри худ бигиранд. Агар ба нудрат масъаларо таваҷҷуҳ намоем, ин масъала яке аз усулҳои аслии гурӯҳҳои террористӣ дар ҳама давру замонҳо будааст. Аз ҷумла, дар кишвари мову шумо низ ин таҷриба дар амалкард ва кирдорҳои саркардагони ТТЭ ҲНИ дар солҳои 1992 – 1997 маълуму машҳур буд, ки дар манотиқи зери назорати худ мактабҳоро баставу духтаронро аз таълиму тарбият дур сохтанд, омӯзгоронро ба қатл расонданд ва ҷавонони майли таҳсилро ба бочкаҳои тафсон андохта сангсор намуданд. Яъне, наҳзатиёни террорист низ бо ин амали худ мехостанд, ки миллати тоҷикро аз илму ирфон дур намуда, ҷаҳолати ифротию такфирро дар миёни аҳолии Тоҷикистон тавсеа бахшанд ва роҳро барои вусъати афкору аъмоли разилонаву зиддибашарии худ васеъ намоянд.
Хушбахтона, иттиҳоду якдилии миллат ин тоифаи касифро номурод ва шармандаву фирорӣ намуд. Пас насли ҷавони кишвар низ бояд огоҳу зирак бошад, то афкору аъмоли зиддибашарии наҳзатиён бар тафаккуру зеҳни онҳо таъсир нарасонад. Зеро наҳзат як шохаи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» буда, ҳадафи ягонааш шикасти афкори миллӣ мебошад.
Соҳиби ШАРИФАЛӢ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code