Њафтаи гузашта дар шањри Дортмунди Олмон љамъомади боќимондањои ташкилоти экстремистию террористии Њизби нањзати исломї баргузор шуд. Дар он раиси гурезаи нањзат М.Кабирї як гурўњи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро љамъ карда, бори дигар кўшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи ќуввањои зиддимиллї ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин наќшаи ў ва хољагонаш бори дигар шикаст хўрд.

Идомаи чунин талошњо маънои онро дорад, ки мутаассифона, нањзатиён ва пуштибонони онњо иштибоњоти фоњиши худро, ки солњои навадум боиси 150 њазор кушта, як миллион гуреза ва дањњо њазор ятиму бепарастор дар Тољикистон шуда буд, дарк накарда, дар пайи ислоњи он нестанд. Баръакси ин, се соли ахир М.Кабирї ва њаммаслаконаш, бо истифода аз пуштибонии сиёсї, идеологї, молиявї ва њуќуќии кишвари барои ҳама маълум љамъомадњо доир карда, талош доранд, ки миёни љомеа љойгоњ касб намоянд. Љамъомади навбатии ТТЭ ҲНИ дар Дортмунди Олмон низ аз љумлаи талошњои љон бахшидан ба ин љасади мурда буд, ки нобарор анљомид. Барои шарњи он шикасти нањзатињо, чанд андешаи мушаххасро дар бораи ин нишаст баён медорем:

  1. Сомонањои нањзатї аз њузури 300 нафар дар љамъомади Дормунд љор мезананд, дар њоле ки дар он ҳамагӣ то 60 нафар њузур доштанд, ки аксаран, наздикону пайвандон ва хешону аќрабои роњбари нањзатињо мебошанд. Аз ин лињоз, изњори назари ин гурўњи кучакро наметавон “ҳамоиш” номида, дар атрофи он њангомасозї кард.
  2. Љонибдорону њаммаслакони М.Кабирї, хусусан нафароне, ки тољик нестанд ва дар Тољикистон иќомат накардаанд, вазъияти љумњуриро дуруст арзёбї карда наметавонанд. Суботу осудагию амнияте, ки дар ќаламрави љумњурї њукмфармост, дар ками андар кам давлатњои љањонї ба назар мерасад. Аммо гурўњњои дар хориљ мустаќарбуда ва минљумла, «коршиносони худї»-и онҳо ба ояндаи неки давлати мо бо назари манфї менигаранд. Оё њамин  аст оини  ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онњо? Ватанро  ба  љои  обод  кардан  ба вайрона  табдил  доданд ва боиси  марги  њазорон њазор  мардуми бегуноњ  шуданд. Магар  таќозои  дини  мубини  ислом њамин аст?  Не, албатта не!  Ин  таќозои  дили  чанд  мазњабфурўши нањзатист!

3.Љамъомади Дормунд, ки онро метавон «мањфили хонаводагї» номид,  ба њадафи асосї – ташкили ИНОТ-2 ва дар раъси он ќарор гирифтани ТТЭ ЊНИ нарасид. Тири наҳзатиҳо ва хоҷагонашон хок хӯрд. ТТЭ ҲНИ бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти мазкур теъдоди ҳар чӣ бештари тоҷикистониёни бурунмарзӣ ва намояндагони тамоми ниҳодҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд, аммо бархилофи ин саъйу талошҳои чандинмоҳаи онҳо, бархе аз афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он ва ҳамчунин таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд.

Дар ин нишаст, аз љумла муњољирони корї, баъзе созмонњои дигари тољикї, мисли намояндагони “Гуруҳи 24” ва Анҷумани нируҳои созанда иштирок надоштанд. Зиёиёни тољикистонии муќими Аврупо, аз љумла Исфандиёр Назар, Бахтиёр Аминї, Њафиз Бобоёр, Темур Варќї, Равшан Темуриён, Алим Шерзамонов, Додоҷони Атовулло ва амсоли инњо, бо он ки ба ҳамоиш даъватї буданд, дар он ширкат наварзиданд. Чанд нафаре аз онҳо дар 25-километрии Дормунд гирд омада, нишасти худро шўхиомез «Боѓ» унвон карданд ва зери чатри нањзат нарафтани худро љасурона, бо аксҳо нишон доданд.

Зиёиён хатои пешгузаштагонро такрор накарданд. Зеро ба хубї дарк кардаанд, ки ТТЭ ЊНИ як гурӯњи террористон асту бас. Террористоне, ки ғайринаҳзатӣ барояшон танҳо “атеист” асту  “зардуштї”. Дар кӯчактарин лаҳзаҳои ростомада, ҳар як наҳзатӣ, аз ҷумла худи Кабирӣ омода аст онҳоро сангсор намояд. Чуноне, ки як дафъа дар солҳои 90-ум баъзе зиёиён бо онҳо дар майдон буданд. Ва чун наҳзатиҳо худро ҳокими даврону замон эҳсос карданд, ҳамон лаҳза нони зиёиёни дар қабаташон нишастаро ҳаром ва худашонро “кофир” ҳукм карданд. Ширкат варзидан дар њамоиши наҳзатиҳо бешак маънои террорист шудану бо террористон пайвастанро дорад.

  1. Боќимондањои ТТЭ ЊНИ то ҳол собит карданӣ мешаванд, ки террорист нестанд. Дар ҳоле ки ин њаќиќат барои тамоми мардуми Тољикистон маълум буда, созмонњои бонуфузи сиёсї, иќтисодї ва интизомие аз ќабили Созмони Њамкорињои Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаљамъї (СПАД-ОДКБ) ва ИДМ бо беш аз 3,5 миллиард аҳолӣ, онҳоро чун ташкилоти террористию экстремистї эълон намудаанд.

Ин ташкилоти террористӣ на фақат бар хилофи манофеи миллии мо амал мекунад, балки ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ буданд, ё зери таъсири он мондаанд.

Ташкили ин ҳамоиш, роњбарии корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорони он аз кишварњои гуногун  нишондињандаи идомаи сармоягузории фаъолияти ЊНИ аз тарафи кишвари маълум ва дастгирии ин кишвар аз терроризми байналхалќї мебошад.

Мутаассифона, созмону ташкилотњои урупоие њастанд, ки ба хотири бозињои геополитикї ва манофеи сиёсию иќтисодї нањзатро ба сифати бозича ва фишанги таъсиррасонї мавриди истифода ќарор медињанд. Ин њолатро рањбарияти нањзатї хуб медонад, вале онњо, ки сарнавишти худро ба пайсаи хољагонашон фурўхтаанд, танњо як роњ доранд: то љон дар рамаќ доранд, бо хољагони худ њамкорї карда, дар расонањо њангомасозї ва иѓвогарї менамоянд.

  1. Стратегияи асосии нањзат ба даст овардани ќудрат ва барпо намудани давлати исломї дар Тољикистон буда, ин барномаро тавассути дарёфти маблаѓ, эљоди тавтеа, иѓвогарии матбуотї, ноором сохтани авзоъ дар минтаќа ва ѓайра роњандозї менамояд. Аммо дар љамъомади Дормунд Кабирї бо њиллаи навбатї баромад карда, вожаи калидии «ислом»-ро аз барномаи худ њазф кард. Ў расман эълон кард, ки ЊНИ аз маќсади асосии худ, яъне сохтани давлати исломї дар Тољикистон даст мекашад ва ба њамсафонаш намоишкорона дастур дод, ки дигар ин маќсади њизбро ошкоро эълон накунанд. Вай бо ин макри навбатї мехост ба ду њадаф бирасад: Якум, мехост ташкилоти оилавию террористии худро дар назди хољагони аврупоияш њамчун як созмони дунявию демократї нишон дињад. Дуюм, мехост бо ин доми навбатии худ муњољирони мењнатї ва зиёиёни муњољирро ба зери нуфўзи нањзат дароварда, бо онњо “эътилоф”  сохта, боз аз онњо истифода намояд.

Аммо љамъомади Дортмунд нишон дод, ки ин тактикаи нањзатї натиља надод ва касе ба њиллаи навбатии Кабирї бовар накард. Ў натавонист ин дафъа муњољирони тољик ва зиёиёни миллии муќими Аврупоро ба доми худ дарорад. Зеро њама аз таърих медонанд, ки мањз њамин њилларо охундњо дар инќилоби соли 1979 истифода карда буданду роњбарони нањзатї дар ваќти сохтани ИНОТ дар соли 1993. Онњо аз нерўњои демокртї ва рўшанфикрони миллї барои расидан ба маќсади худ истифода намуда, сипсас, њамаи онњоро на танњо “кидат” карданд, балки бо тамѓањои “атеист”-у “зардуштї”-ю “мунофиќ” онњоро аз байн бурданд. Кабири њам дар Дортмунд њамин домро густарда буд.

Њамин тавр, бо вуљуди тарњу њиллаи нав ва бо вуљуди ба хотири сиёсат ва ќудрат расман даст кашидан аз ислом, М.Кабирї аз љамъомади Дортмунд бо дасти холї баргашту маблаѓњои охунд-спонсорњо њамагї ба бод рафтанд. Бе шубња, ин нокомї на танњо шикасти нањзатињо, балки шикасти фоњиши тарроњон ва хољагони онњо низ мебошад.

 

Фаридун Ориёї

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code