Нақши ҷавонон дар бартараф намудани ақидаҳои ифротӣ

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, ҳол он ки таърих исбот мекунад, дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳон табдил ёфт. Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст”.

Гуфта шуд, ки дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашри китобҳои динӣ бо забони тоҷикӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо.

Эмиссарҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ бештар ба сафи худ ҷавононеро ҷалб менамоянд, ки зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ буда, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфтаанд, ба таври содда идеологияро қабул мекунанд, тамоюл (ба ақидаи онҳо) ба бунёди тартиботи ҷаҳонии «боадолат» дар асоси дин доранд.

Ҳамин тавр, иштирокчиён муборизаи якҷояи тамоми мақомоти қудративу идораи маҳаллӣ ва ҷомеаро дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм зарур шумориданд. Гуфтанд, ки оила, ҷомеа ва давлатро низ зарур аст, дар ташаккул ва тарбияи шахсияте, ки дар ҳама ҳолат ба манофеи миллию давлатӣ авлавият диҳад, сатҳи баланди ахлоқ, ҷаҳони ғановатманди маънави дошта бошад, масъулиятшиносу созанда ва таҳаммулпазиру худогоҳ бошад, якҷоя саҳми арзанда гузоранд. Давлату ҳукумат танҳо бо неруи қавии зеҳнӣ, идеяи миллӣ ва афроди пешоҳанг, яъне равшанфикрон, донишмандон ва ҷавонони таҳсилдидаю навовараш рушд мекунад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code