(Карим Давлат «Хандаи чашм». – Душанбе:
Русская литература, 2022, 352 с.)
Зиндагии инсон пур аз рӯйдодҳост, ки дарку маърифати онҳо ба кас ҳам сабақи ҳаёт меомӯзаду ҳам завқи рӯзгордорӣ. Рӯйдодҳо гуногунанд. Онҳоро аз нигоҳи тавлид ба табиӣ ва иҷтимоӣ, вобаста ба оқибат фараҳбахш ва мудҳиш, аз ҷиҳати таъсир ба барангезанда ва хушҳолкунанда метавон ҷудо кард. Ҳамчунин тамоми рӯйдодҳо тибқи дараҷаи манфиатоварӣ иҷтимоӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда метавонанд.
Дар ин матлаб манзури мо баҳси рӯйдодҳои иҷтимоиест, ки дар мавридҳои мувофиқ, ногаҳон рух дода, бо мазмуну мантиқи баланд, ҷолибияти гуфтор ва руҳи таъсирпазир диққати мухотабонро ҷалб намуда, вирди забони дигарон ва манбаи илҳоми эҷодкорон мегарданд.
Ҳар як инсон дар зиндагии худ ба чунин рӯйдодҳо борҳо рӯ ба рӯ шудааст, онҳоро мушоҳида кардааст, аммо дарку маърифат ва дарёфти ҳикмати онҳо на ба ҳар кас даст додаву медиҳад.
Китоби тозанашри нависанда Карим Давлат «Хандаи чашм» чунин рӯйдодҳоро фаро гирифтааст, ки маншаи онҳо дидаву шунида ва бозёфтҳои ӯ аз ҳаёти мардум буда, тули солҳои гуногун ба шарофати фаъолияти касбиву ҳамнишинӣ бо ашхоси маъруфи замон ҳосил шудаанд. Чунин ашхос Ашӯр Сафар, Миралӣ Маҳмадалиев, Абдӣ Авазов, Мирзо Бобоев, Самад Фаттоев, ҳабибулло Табаров, Умар Валиев ва дигаронанд, ки хислати наҷиб дошта, бо лутфу карам, ҳозирҷавобию хушгӯӣ ва хирадмандии худ суҳбату вохӯриҳо, ҷамъомаду нишастҳо ва баҳсу мунозираҳоро шукӯҳу тароват бахшидаанд. Нависанда ҳосили мушоҳидаҳояшро аз чунин нишастҳо саҳнасозӣ намуда, бо танзу ҳазл онҳоро боз ҳам намакин гардонидааст.
Маводи китоб аз нигоҳи шакли жанрӣ шомили ду бахш буда, аз танзу латоиф ва ҳикояву новеллаҳо иборат аст. Новобаста ба рангорангии жанрӣ аксари матолиби маҷмуа аз рӯйи объекти тасвир пайванди устувори занҷиравӣ дорад. Ин занҷира ҷузъи ҳаёти табиии мардум, хосса деҳотиён аст, ки аз меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, иззату эҳтиром, адлу инсоф ва албатта, содагиву инсонҳои хуб будани онҳо дарак медиҳад. Аммо ин ҳамаро нависанда бо нигоҳи хос ба тасвир гирифта, ба онҳо ранг ва мазмуни тоза бахшида, саҳнаҳои ҷолиберо ба намоиш гузоштааст, ки басо диданӣ, шуниданӣ ва хонданӣ аст. Ҳар касе, ки дар муҳити деҳа тарбия ёфта, ба камол расидааст ё ба фазои чунин муҳит ошност, бо мутолиаи чунин саҳнаҳо, бидуни ихтиёр, сурати онҳо пеши назараш ба ҷилва меояд.
Дар фарҳангу адаби мо китобат намудани лутфу мутоибот ва танзу зарофати шахсиятҳои маъруф собиқаи дерина дорад. Албатта, бо баёни ҳазлу шӯхӣ ва ҳозирҷавобиҳо нишон додани чеҳраи аслии гӯяндаи он душвор аст, аммо чунин гуфторҳо барои фаҳмидан ва муайян намудани хислати қаҳрамонон аз манфиат низ холӣ нестанд. Аммо ҳадафи нависанда чеҳранигории қаҳрамони мушаххас набуда, балки ӯ кӯшидааст, ки бо офаридани саҳнаҳои танзӣ хислатҳои наку ва инсонпарваронаи одамони маъруфу наҷибро ба таври типӣ ба намоиш гузорад. Чунин одамон аз зиндагии иҷтимоӣ дар канор нестанд, соҳиби касбу шуѓланд, қалбашон соф аст, ҳамеша мехоҳанд хубиашон ба касе расад. Хонанда аз онҳо натанҳо дарси ҳаёт, одамгарӣ, накукорӣ, ҳамсоядорӣ, балки маҳорати муошират, ҳозирҷавобӣ, рамузфаҳмӣ, гуфтори мантиқӣ, баландҳимматӣ ва амсоли инро низ меомӯзад.
Бахши аввали китоб бо баёни гуфторҳо аз лутфу зарофати Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Ашӯр Сафар шуруъ мегардад. Мавсуф дар замони шуравӣ, бахусус дар муҳити адабии минтақаи Кӯлоб натанҳо бо ҳунари шоирӣ, балки бо сухандониву хушгӯӣ ва меҳмондориву меҳмонннавозӣ машҳур буд. Ҳузури ӯ дар ҳар анҷуман боиси лаззату шукӯҳи тоза мегардид. Дар бораи хушгӯиҳои Ашӯр Сафар аксари ҳампешаву ҳаммаслаконаш навиштаву гуфтаанд, ки силсилаи нигоштаҳои фарзандаш Гурез Сафар намунаи олии онҳост. Нависанда Карим Давлат низ аз лутфи Ашӯр Сафар баҳра бардошта, барои ба шакл даровардани хотироташ аз ӯ узр мепурсад, ки нони Гурезро ним кардааст. Ашӯр Сафар бо лутфи хоси худ посух медиҳад:
– Нависед, боз навиштан гиред! Аз пушти Сайдалӣ Вализода Раҷаб Амону Соҳиб Табару Соат Чалишев академику олим ва Ашӯр Сафару дигару дигарон шоир шуда, нон ёфта мехӯранд, шумо-ку нав ду касед…
Ин лутфи одӣ нест, балки ҳикмат дорад. Бузургон ҳам дар зиндагиашон ба мардум суд мебахшанду ҳам пас аз фавташон баракати моливу маънавиашон ба мардум мерасад.
Китоби «Хандаи чашм» натанҳо баёнгари хушгӯӣ ва зарофату шӯхиҳои Ашӯр Сафар ва дигар одамони наҷиб, балки ифшогари хислатҳои номатлуби ашхоси гуногункасбу гуногунпеша ва камбудиву норасоиҳои иҷтимоӣ низ ҳаст. Дар силсилаи мутоибот ва ҳикояҳои латифагунаи он, аз як тараф маҳорати волои сухандониву суханфаҳмӣ, рамузгириву ҳозирҷавобӣ, некдиливу хайрхоҳии қаҳрамонон нишон дода шуда бошад, аз ҷониби дигар, нуқсу камбудиҳои итимоӣ низ ифшо гардида, боиси тамасхур шудааст. ҷолиб он аст, ки лутфи қаҳрамонон, бахусус Ашӯр Сафар дар баъзе маврид маънои духӯра пайдо кардаанд. Луқмаву гуфтори эшон дар зоҳир хандаи хушҳолкунанда бошад ҳам, ботинан ханда тобиши тамасхурӣ пайдо мекунад. «Аз Ашӯр Сафар мепурсанд, ки фалониро «устод» гӯем меранҷад. Чӣ гӯем, ки наранҷад?
– Устод не, ӯро Мавлоно гӯед, шод мешавад, мартабааш баланд».
Чунин оҳанг хусусан дар латифаҳои «Шумо хонда тавонед», «Иншоаллоҳ, котиб мешавӣ», «Колхози ин балохӯрҳо моем», «Баъд пеши худам биё», «Ту аз Турсунзода ҳам шеър нахондаӣ», «Хости худост», «Хамин ду-се шикамчаронанд?», «Сабр кунед, омӯхта мешавад!», «Аз Ҳақназаровҳо фақат облздравашро мешиносам», «БРР, ЧРР, Горбачев..», «Эҷодкор», «Алишер Навоӣ омадааст» ва ѓайра бараъло ба гӯш мерасад. Дар ин ва дигар саҳнаҳо камсаводии баъзе ҳокимон, эҷодгариҳои сохта, муфтхӯриву чоплусӣ, тамаъҷӯӣ, дурӯягиву замонасозӣ, порадиҳиву порагирӣ, содагиву бефаҳмӣ ва амсоли ин барин хислатҳои номатлуб пардапӯшона мазаммат шудаанд.
Аз ин лиҳоз заҳмати нависандаро аз ду ҷиҳат метавон арзёбӣ кард. Ҷиҳати аввал қобилияти мушоҳидакорӣ ва дарки маънӣ аст, ки барои сара кардани рӯйдодҳои ибратбахш аз зиндагии одамони наҷиб мусоидат намудааст. Латифаву ҳикояҳои хурди бобҳои «Лутфу карами устод», «Бобои раис», «Шикастанафс» ва «ҳикояҳо» лаҳзаҳои ҳаётианд, ки дар вақту замони муайян рух дода, маҳз ба шарофати қобилияти мушоҳидакории нависанда ҳамчун факт ва ё лаҳзаи саҳнасоз интихоб шудаанд.
Паҳлуи дигар заҳмати эҷодии нависанда аст, ки ба туфайли он факту лаҳзаҳо коркард шуда, намои асари саҳнавиро гирифтаанд. Саҳнаҳо аслан як воқеаро дар бар мегиранд ва тафсилоташон ҳаҷман калон нест. Нигоранда барои боз ҳам ҷолибу муассир сохтани воқеаву рӯйдодҳои зиндагӣ аз неруи эҷодиаш моҳирона истифода намуда, кори хонандаро дар дарки ҳикмати онҳо осон мекунад. Маҳз дарки ҳикмат ҳисси хонандаро бедор намуда, ба ӯ завқ мебахшад ва андешаашро ба таҳрик медарорад. Ҳикмати саҳнаҳо гуногун бошанд ҳам, руҳи қавии тарбиявию созандагӣ доранд. Ҳамчун далели фикр саҳнаи «Мо, ки сохтем, насӯхтем»-ро айнан иқтибос меорем:
«Собиқ хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Восеъро дар вилояти Кӯлоб «колхози миллионер» мегуфтанд. Дар ҷаласаву анҷуманҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ хоҷагии мазкурро ҳамчун намунаи ибрат мисол оварда мегуфтанд, ки дар ҳисоби бонкиаш 20 миллион сӯм дораду аз раиси он Абдӣ Авазов ибрат гиред. Бо ин маблаѓ он вақт, ба гумонам, метавон як «Титаник» ё як киштии кайҳонии атомӣ харид.
Вақте сохту замон дигару пул иваз мешавад, ҳамин қадар маблаѓи хоҷагӣ ба як мошин бензин баробар мегардад. Абдӣ Авазов инро фаҳмида, ба устодаш дарди дил мекунаду бо таассуф мегӯяд:
– Устод, хазинаи колхоз сӯхт!
– Чанд бор гуфтамат, ки бисоз, насохтӣ! Мо, ки сохтем, насӯхтем! – ҷавоб медиҳад Бобои раис».
Ин порча натанҳо танз аст, балки ҳикматест аз зиндагии воқеӣ, ки беихтиёр хонандаро ба андеша мекашад. Андешаи бунёдкориву ободкорӣ ва аз худ чизе боқӣ гузоштан, хоҳ барои ҷомеа, хоҳ ба фарзандон. Чунин саҳнаҳои ҳикматангез дар маҷмуаи «Хандаи чашм» зиёданд, ки аз олиҳимматӣ, накукорӣ, саховатмандӣ, меҳмоннавозӣ, шикастанафсӣ ва дӯстиву мушфиқии шахсони рӯзгордидаву пастиву баландиҳои зиндагиро чашида дарак медиҳанд. Ин гуна шахсон новобаста ба мартаба ба ҳамкорон ва тобеони худ эҳтиром доранд, ба додашон мерасанд, бо сухану рафтор ва дастгириву имдод онҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекунанд.
ҳикояҳое, ки дар бахши дуюми китоб ҷой дода шудаанд, аз нигоҳи мавзуъ гуногун бошанд ҳам, ҷанбаи ахлоқиашон хеле баланд аст. Дар маҷмуъ онҳо баёнгари муносибату ахлоқи мардум, хосса рустоанд, ки дар шакли новелла эҷод шудаанд. Дар ин новеллаҳо ҳам воқеаҳои фараҳбахш ба тасвир гирифта шудаанду ҳам рӯйдодҳои ѓамангез, ҳам муносибату ахлоқи хубу ҳамида тараннум гардидаву ҳам проблемаҳои рӯз танқиду мазаммат ва ҳам рафтору кирдори бад маҳкум. Агар дар ҳикояҳои «Ҳамсояҳо», «Хостгорӣ», «Хархар», «Барс» ва амсоли ин анъанаву таомул, рафтору одати мардуми деҳот, ки нисбати ҳамдигар бетафовут нестанд, ѓаму шодиашонро бо ҳам мебинанд, ҳар гапу хабар ва амалу рафторро бо ҳам муҳокима намуда, дар «ҳалли он» мисли аъзои як оила саҳмгузорӣ мекунанд, нақлу тасвир шуда бошад, дар ҳикояҳои «Мундаи ганда», «Носфурӯш», «Чашмаи фариштаҳ», «Мардум, мардонро нигоҳ доред!» ва ѓайра одату кирдорҳои баду манфур ва масъалаҳои мубрами рӯз ба таври истеҳзо ба тасвир гирифта шудааст. Муаллиф масъалаҳои мубрами иҷтимоиро ҳамчун публитсисти оташинсухан бо ҷасорати баланд ба баррасӣ мекашад ва мардумро ба ҳалли онҳо даъват мекунад. Чунин руҳия, махсусан, дар ҳикояи «Мардум, мардонро нигоҳ доред!», ки масъалаи муҳоҷир шудани мардон ва мондани тамоми корҳои деҳот ба дӯши занону духтаронро дар бар гирифтааст, хеле ба дард ба тасвир гирифта шудааст. Ибораи «Эй мардум, мардонро нигоҳ доред!» ҳамчун нидои бонувони деҳот дар ҳар сархати ҳикоя таъкидан такрор мешавад.
Ҳикояҳои «Заводской дефект», «Бармен», «Птичий молоко» ва мисли ин ифодагари содагиву бедиққатӣ, беқадрии касбу пеша, хосса омӯзгорӣ, тамаъҷӯиву сохтакорӣ ва найрангҳои ҳамсафарӣ аст, ки ба таври ҳаҷву истеҳзо қаламдод шудааст.
«Мӯйсафдони деҳаи мо» баёнгари хотироту ёдҳои нависанда дар бораи мӯйсафедони деҳааш аст, ки дар шакли эссе ба қалам дода шудааст. Нависанда «чеҳраҳои харобу хазон, озурдаю хотирпарешон, вале нурониву хирадманд»-ро бо кору амали нек ва ибратомӯзашон рӯйи сафҳа овардааст.
Дар муқоиса бо латифаҳои бахши аввал дар ин ҳикояҳо неруи тахайюлофарии нависанда хеле баланд аст. Аммо тахайюлоти рангини ӯ яқинан сохтаву бофта нест, балки қабои зебову шинамест ба воқеаву рӯйдодҳои ҳаётӣ. Бинобар ин, ҳини мутолиа бидуни ихтиёр ва хоҳиши хонандаи бохабар аз «шаҳри ошно» бӯйи деҳа ба машом мерасаду набзи рӯз эҳсос мешавад. Бидуни шубҳа, ин ҳикояҳо ифодагари рӯйдодҳои зиндагии ширину талхи давру замони муайянанд, ки имрӯз бо дигар шудани сохти давлатдорӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ тадриҷан аз байн мераванд. Арзиши иҷтимоии ин ҳикоёт низ дар ҳамин ҷиҳат аст, ки образи зиндагии рустоиёни як сохти иҷтимоиро ба хонандаи сохти дигар намоиш медиҳад.
Нависанда дар интихоби мавзуъ, тарзи сужасозӣ, офаридани саҳна ва шеваи нақлу тасвир маҳорати хоса дорад. Мавзуъҳо мубраму замонавӣ, сужаҳо мантиқиву ратсионалӣ, саҳнаҳо ҷолибу хонданӣ, нақлу тасвир пур аз лутфу зарофат аст. Лутфу зарофати нависанда то андозае баланд ва пуробуранг аст, ки аксари ҳикояҳо тобиши танзиву ҳаҷвӣ пайдо кардаанд. Дар ин кор ба ӯ хуб донистани забони халқ, истифодаи барҷои гуфторҳои мардум, калимаву ибораҳои шевагӣ, зарбулмасалу мақол ва маҷозу киноя мадад расонидааст. Барои намуна ба порчаи зер, ки аз ҳикояи «Барс» иқтибос шуд, таваҷҷуҳ кунед.
«–Полези панҷгектара саѓерахӯрак шудааст. Шарифҷона гап зан, ҳамроҳи сагаш полезвон мемонем. Ҳардуяшро пул ёфта медиҳем, дар ведемостҳо Барсов менависем, кӣ аз паяш мегардад? Дар идора ягон гап шавад, Барс бошпурт дорад, нишон медиҳем. Коргарӣ мавсимӣ. Мешавад?»
Намунаи дигар:
«Илоҳам рӯта мӯрдашӯ бинад, кӯри Алӣ, ба ин бачаи калонкардагит! Дар мотамат бишинам, кӯри беимон, ба ӯ дову дангонаат. Ҳар сол ҷувонамарги Валӣ бо карру фарр омада, ҳангомаву ҳавои даҳан карда, дили ҳамаро мебарад. «Ана уҷа как нада ҷит (жит) мекунед». «Дар иҷа хӯрданиат чойи қоқу нони қоқ, ҳамин ҳам зиндагӣ шуд, дар уҷа тухму колбаса, маскаву сасиска байт меган». «Чӣ мехоҳӣ, куҷо меравӣ, чӣ кор мекунӣ, сам себе хозяин!» Ҳамааш гаррени», – лоф мезанад ҷувонмарги Валӣ. Ай сарут сабил монад хостагиву рафтагиту кардагиту гарренит».
Чунин сабки нигориш дар аксарияти ҳикояҳои маҷмуа ба мушоҳида мерасад. Бо чунин сабк ба музокира кашидани дардҳои иҷтимоӣ, аз як тараф, зиддияти андешаҳоро тезу тунд гардонида бошад, аз ҷониби дигар, ҷолибият ва муассирии суханро дар матнҳо таъмин намудааст.
Се ҳикояи илҳоқие, ки дар охири маҷмуа ҷой дода шудааст, бо равонии забон, мантиқи гуфтор, истифодаи воситаҳои услуби баён ва сохтори қавии ҷумлаҳо аз маҳорати хуби тарҷумонии Карим Давлат гувоҳӣ медиҳанд.
Латифаву ҳикояҳои «Хандаи чашм» арзиши баланди мавзуиву тасвирӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ба назар чунин мерасад, ки нависанда дар интихоби баъзе лаҳзаҳои латифасоз ба аҳаммияти иҷтимоии онҳо камтар эътибор додааст. Ин ҳолат боиси он шуда, ки баъзан шӯхиҳои қаҳрамонон оҳанги тамаъҷӯиву тамаъхоҳиро гирифта, камарзиш гардидаанд. Яъне аз ҳисоби дигарон айшу ишрат кардан. Дар баъзе ҳикояҳо оҳанги таҳқир эҳсос мешавад. Масалан, дар «Завол». ҳамчунин баъзе ҳикоёт ҳарчанд аз ҳикмат холӣ нестанд, аммо чандон табиӣ набаромадаанд. Ба гунаи «ҳанӯз ҳам ѓам мехӯранд», «Ду ҳоким» ва ѓайра.
Баъзан нависанда суханро ба дарозо мекашад, шарҳаш зиёдатӣ мешавад: «дар сари миз дар як ошхона субҳонаву хӯроки чошту шом мехӯрдем» (91), «Тирамоҳи соли 1971 буд ё 72 иҷрои нақшаи пахтасупорӣ роҳбарони ҷумҳуриро ба ташвиш оварда буд» (42). шарҳи сархати охири латифаи «В СК дураков мало что-ли?!» зарурат надорад.
Дар матни ҳикояҳо гоҳе мувофиқати сараъзоҳои ҷумла вайрон шудааст, ҳарфҳо афтидаанд. Ба мисли «– гуфт Абдулфайз, ки ниҳоят шӯху ҳозирҷавобанд» (107) ….
Умуман китоби Карим Давлат «Хандаи чашм» ҳикояҳои хурдеро фаро гирифтааст, ки дар солҳои гуногун эҷод шуда, панорамаи васеи рӯйдодҳои зиндагиро дар иртибот бо одамони наҷиб, муносибату рафтор ва ахлоқу одоти деҳотиён бозтоб мекунанд. Латифаву ҳикояҳо ифодагари шодиву нишот, муносибату муошират, ақлу заковат, тарзи зиндагӣ, кору меҳнат ва фарҳангу адаби нафаронест, ки бо гузашти замон ҳикмат пайдо кардааст, ки омӯхтаниву омӯзанда аст. Аксари ҳикояҳои китоби «Хандаи чашм» як новелла (саҳна)-и телевизионианд. Бахусус дар заминаи ҳикояҳои «Ҳамсояҳо», «Мундаи ганда», «Хархар» ва «Барс» мазҳакаҳои хуби намоиширо метавон таҳия намуд.
Мурод Муродӣ,
профессори ДМТ
Бознашр аз ҳафтаномаи
«Адабиёт ва санъат», №29 (2208), 21.07.2023